Шаҳодати ҳаддиақал 9 фаластинӣ дар ҳамалоти бомдодӣ ба маркази Ғазза ва Хон Юнус
(last modified 2023-12-06T06:02:37+00:00 )
Декабр 06, 2023 11:02 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати ҳаддиақал 9 фаластинӣ дар ҳамалоти бомдодӣ ба маркази Ғазза ва Хон Юнус

Ҳаддиақал 6 нафар дар бомбаборони ду хона дар урдӯгоҳи Насирот дар маркази Навори Ғазза ва 3 нафар дар Хон Юнус ба шаҳодат расиданд.

Ба гузориши Алҷазмра, ҳаддиақал 6 нафар дар бомбаборони ду хона дар урдӯгоҳи Насирот дар маркази Навори Ғазза ба шаҳодат расиданду теъдоди дигар захмӣ шуданд.

Ҳамчунин дар ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба хонае дар урдӯгоҳи ғарбии Хон Юнус ҳаддиақал 3 нафар ба шаҳодат расиданд.

Ҳамзамон, бомбаборони ғайриинсонии неруҳои ишғолгар дар шимоли Навори Ғазза идома дорад.

Ал Маёдин ҳам гузориш дод  қаиқҳои низомии ишғолгарони саҳюнист, даҳҳо гулӯла ба самти соҳили минтақаи марказии Навори Ғазза шиллик карданд.

Неруҳои ишғолгар ҳамзамон аз бомдоди имрӯз ҳамалоти тӯпхонаии худро ба шарқи Хон Юнус ташдид карданд.

Ҳамалоти саҳюнистҳо алайҳи Навори Ғазза бо шадидтарин вазъият идома дорад.

 

Барчасп