Декабр 08, 2023 17:28 Asia/Dushanbe
  • Ҳамос: Теъдоде аз усарои саҳюнист дар ҷараёни ҳамалоти режими саҳюнистӣ кушта шуданд
    Ҳамос: Теъдоде аз усарои саҳюнист дар ҷараёни ҳамалоти режими саҳюнистӣ кушта шуданд

Хонаводаҳои асирони исроилӣ шомгоҳи панҷшанбе дар Тел-Авив алайҳи Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ шиор сар доданд.

Ба гузориши ИРНА, муътаризон алайҳи Натанёҳу ва дигар ҳокимони сарзаминҳои ишғолӣ шиор доданду хостори озодии асирон шуданд.

Муътаризон хостори эъмоли фишор бар давлати Натанёҳу барои бозгардондани усаро шуданд.

Ин тазоҳурот дар ҳоле баргузор шудааст, ки пештар Усома Ҳамдон, аз раҳбарони ҷумбиши Ҳамос хитоб ба хонаводаҳои усарои саҳюнистӣ гуфта буд, идомаи ҷиноёти артиши Исроил боис нахоҳад шуд наздикони шумо бозгарданд.

Рӯзномаи саҳюнистии «Ҳааретз» пештар дар гузорише дар бораи вазъияти усарои саҳюнист навишта буд: Усарои озодшуда бештар аз он ки аз Ҳамос интиқоде дошта бошанд, аз сиёсатҳои кабина (Бенёмин Натанёҳу) шикоят доранд.

Ба тозагӣ муқовимати Фаластин эълом кард, ки теъдоде аз усарои саҳюнист дар ҷараёни ҳамалоти режими саҳюнистӣ кушта шуданд.

 

Барчасп