Шаҳодати 296 нафар аз кадри пизишкӣ дар Ғазза аз оғози ҷанг
-
Шаҳодати 296 нафар аз кадри пизишкӣ дар Ғазза аз оғози ҷанг
Аз оғози ҷанг дар Ғазза ، 296 нафар аз кадри дармону пизишкӣ дар ҳамалоти ишғолгарони исроиилӣ шаҳид шуданд .
Ба гузориши Маркази иттилоърасонии Фаластин , вазорати беҳдошти Фаластин дар навори Ғазза эълом кард : Аз оғози ҷанг дар ин Борика аз ҳафтуми октябри 296 нафар аз кадри дармону пизишкӣ дар ҳамалоти ишғолгарони исроилӣ шаҳид ва садҳо нафари дигари ҳам захмӣ шуданд.
Ин Вазоратхона афзуд : Ҳанӯз ҳам 36 нафар аз кадри пизишкӣ аз ҷумла доктор Муҳаммад абу Салима мудири кулли бемористони Шифо дар шароити ғайри инсонӣ дар асорати саҳюнистҳо ҳастанд .
Вазорати беҳдошти Ғазза аз тимҳои пизишкӣ дар сартосари ҷаҳони хост барои имдодрасонӣ ба маҷрӯҳон ва наҷоти ҷони онҳо худро ба Ғазза бирасонанд .
Ҳайати умӯри усаро ва бошгоҳи асири Фаластин низ эълом кард : Режими саҳюнистӣ 142 зани фаластинии сокини Ғазза ва чанд кӯдаки ширхораро ба асорат гирифтааст .
Бар асоси эъломи Ашраф-Ал-Қадра сухангӯии Вазорати беҳдошти Фаластин дар Ғазза ، дар натиҷаи ҳамлаҳои артиши режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза аз ҳафтуми октябр то кунӯн наздик ба 18 ҳазор фаластинӣ ба шаҳодат расида ва 49 ҳазор ва 229 нафари захмӣ шудаанд .
Бештар бихонед: