Шаҳодати беш аз 300 пизишк ва парастор дар ҷанги Ғазза
(last modified Mon, 18 Dec 2023 05:55:39 GMT )
Декабр 18, 2023 10:55 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати беш аз 300 пизишк ва парастор дар ҷанги Ғазза
    Шаҳодати беш аз 300 пизишк ва парастор дар ҷанги Ғазза

Беш аз 300 нафар аз кодри пизишкӣ ва дармонӣ аз оғози ҷанг дар Ғазза ба шаҳодат расидаанд.

Ба гузориши рӯзи душанбеи маркази итилоъи расонии Фаластин, сухангӯи Ҳилоли Аҳмари Фаластин эълом кард, аз оғози ҷанг дар Ғазза дар ҳафтуми октябр то кунӯн беш аз 300 нафар аз кадри дармонӣ ва  пизишкӣ ба шаҳодат расиданд .

Низомиёни ишғолгари исроилӣ кадри пизишкиро дар бемористони Камоли Адвонро ҳам ҳадафи ҳамла қарор доданд. Саҳюнистҳо то кунӯн теъдоди зиёди пизишк аз ҷумлаи раиси бемористони Шифоро ҳам ба асорат гирифтанд .

Раиси Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар суханоне бо эъломи нигаронӣ аз ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба марокизи дармонии Ғазза гуфт : « Аз тахриби бемористони Камол Адвон дар шимоли Ғазза тайи ҳамалоти рӯзҳои гузашта бисёр ваҳшат зада ва нигарон ҳастем .»

Ба гуфта раиси Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, системаи беҳдоштии Ғазза дар ҳолати фурӯпошии комил қарор дорад ва аз даст додани як бемористони дигари зарбаи сахтӣ ба низоми дармонии ин минтақа ҷанг задааст .

Соъотии пеш низ эълом шуд,  тӯпхонаи режими саҳюнистӣ бо ҳадафи қарор додани бемористони кӯдакон ва зоймон дар муҷтамаъи пизишкии Носир дар Хон Юнус дар ҷануби Навори Ғаззаи боиси шаҳодати як нафар ва  захмӣ шудан теъдоди дигар аз беморон ва  афроди ҳозир дар бемористон шуд.

Рӯзи гузашта ҳам, низомиёни ишғолгари режими саҳюнистӣ нишасти хабарии масъӯлони Вазорати беҳдошти Навори Ғазза дар муҳавватаи бемористони вайрон шудаи « Камол Адвон » дар шимоли Навори Ғаззаро гулӯла борон карданд .

Сухангӯии Вазорати Беҳдошти Ғазза низ эълом кард, мо хостори мудохилаи фаврии ниҳодҳои Созмони Миллал барои ҳифозат аз бемористон ва  коркунон он ҳастем .

Бештар бихонед: