Шумори шаҳидони хабарнигори Ғазза ба 106 нафар расид
Давлати Фаластин дар борикаи Ғазза шумори шаҳидони хабарнигор аз ҳафтуми октябр то кунунро 106 нафар эълом кард.
Режими саҳюнистӣ аз ҳафтуми октябри 2023 бо ҳимояти ҳамаҷонибаи кишварҳои ғарбӣ, куштори густурдаеро дар борикаи Ғазза ва Каронаи бохтарӣ зидди мардуми бедифоъ ва мазлуми Фаластин ба роҳ андохтааст.
Аз замони оғози ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза 21 ҳазору 320 фаластинӣ, ки умдаи онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд, ба шаҳодат расида ва 55 ҳазору 603 фаластинӣ низ маҷрӯҳ шуда анд.
Ба гузориши Садои Хуросон,Ҷабр Абуҳадарус-хабарнигори шабакаи Алқудс алявм дар ҳамлаи ҳавоии ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ ба манзилаш дар урдугоҳа Насирот, шарқи Ғазза ба шаҳодат расид.
Субҳи рӯзи ҷумъа низ Абдуллоҳ Ҳамод-хабарнигор ба ҳамроҳи ҳамсар ва чаҳор фарзандш дар бомбаборони ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ шаҳид шуданд.
Ба гуфтаи Исмоил Савобта-мудири дафтари иттилоърсонии Ҳамос дар борикаи Ғазза, аз ҳафтум октябр то кунун 29 ҳазор фаластинӣ дар натиҷаи ҳамалоти Исроил нопадид шудаанд.
Ба гуфтаи вай беш аз ҳафт ҳазор нафар ҳамчунон зери овор ҳастанд ва кори оворбардорӣ бо таваҷҷуҳ ба ҳаҷми вайрониҳо ва идомаи ҳамалот ва камбуди неруҳо ва имконот бо кундӣ пеш меравад.