Дидори нахуствазири Ироқ бо хониводаи шуҳадои фурудгоҳи Бағдод
(last modified Thu, 04 Jan 2024 10:07:32 GMT )
Январ 04, 2024 15:07 Asia/Dushanbe
  • Дидори нахуствазири Ироқ бо хониводаи шуҳадои фурудгоҳи Бағдод
    Дидори нахуствазири Ироқ бо хониводаи шуҳадои фурудгоҳи Бағдод

Нахуствазири Ироқи ҳамзамон бо солгарди шаҳодати сардорони муқовимат ва ҳамроҳонашон бо хониводаи шуҳадои ироқии ҷинояти фурудгоҳи Бағдод дидор кард.

Рузи чаҳоршанбе 3 январи 2024 чаҳорумин солгарди шаҳодати сардори сипаҳбад Қосими Сулаймонӣ фармондиҳи пешини неруии Қудси Сипоҳи посдорони инқилоб исломӣ аст.

Сардори сипаҳбад Қосими Сулаймонӣ фармондиҳи пешини неруии Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ 3 январи 2020 дар ҳоле ки ба даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд дар ҳамлаи ҳавои неруҳои мутаҷовиз ва терруристии Амрико дар фурудгоҳи Бағдод ба ҳамроҳ Абумаҳди Алмуҳандис ноибраиси басӣҷи мардумии Ироқ ва 8 нафар аз ҳамроҳонишон ба шаҳодат расид.

Ба гузориши хабаргузории Форс Муҳамадшиёъ Алсудонӣ нахусти вазири Ироқ рузи чаҳоршанбе дар чаҳорумин солрузи ҷинояти фурудгоҳи Бағдод дар дидор бо хониводаҳои ироқии ин ҳодиса бо қадрдонӣ аз фидокорӣ шаҳидон гуфт: Вафодори ба онҳо ва ёди ҷовидонии онҳо дар саросари Ироқ ва дар миёни ҳамаи гуруҳҳои миллат густариш ёфта аст.

Нахуствазири Ироқ афзуд: Хониводаҳои шуҳадои фармондиҳони пирузи ва ҳамроҳони онҳо имрз соҳиби шарофат ва каромат аз ҷониб худованд ҳастанд ва мавриди эҳтироми ҳамаи мардуми Ироқ қарор доранд.