Январ 13, 2024 11:06 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Чин ва Туркия ба ҳамлаи Амрико ва Британия ба Яман

Ҳамлаи мушакии Амрико ва Британия ба Яман , вокуниш ва эътирози Ҷумҳурии Исломии Эрон , Русия ,Ироқ ва ҳамчунин Чин ва Туркияро ба дунбол доштааст ва бархе аъзои Кунгураи Амрико ҳам зимни эътироз ба ҳамлаи бидуни муҷаввиз ба Яман дар бораи паёмадҳи ин иқдом ҳушдор доданд.

Дар ҳамин росто ва ба гузориши ИРНА, пас аз ҳамлаҳои Амрико ва Британия ба чанд шаҳри Яман, Мао Нинг-сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин бо баёни инки Чин нигарони ташдиди танишҳо дар дарёи Сурх аст, гуфт: Пекин аз тарафҳои марбута мехоҳад барои ҷилавгирӣ аз густариши даргирӣ, оромиши худро ҳифз карда ва хештандорӣ кунанд.

 Дар ҳамин ҳол Раҷаб Тайиб Ардуғон-раиси ҷумҳури Туркия низ зимни маҳкум кардани ҳамлаи мушакии Амрико ва Британия ба Яман, ин иқдомро истифодаи ифротӣ аз қудрат арзёбӣ кард.

Вай таъкид кард, Амрико ва Британия саъй доранд, дарёи сурхро ба «дарёе аз хун» табдил кунанд.

Раиси ҷумҳури Туркия дар бахши дигаре аз изҳороташ ба муҳокимаи режими саҳюнистӣ дар Девони байналмиллалии додгустарӣ дар Гаага ишора кард ва афзуд: Бо ин санадҳои ироашуда режими саҳюнистӣ маҳкум хоҳад шуд.

 

Барчасп