Дархости Яман барои таваққуфи куштори занону кудакони фаластинӣ аз сӯи режими саҳюнистӣ
(last modified 2024-01-13T11:49:37+00:00 )
Январ 13, 2024 16:49 Asia/Dushanbe
  • Дархости Яман барои таваққуфи куштори занону кудакони фаластинӣ аз сӯи режими саҳюнистӣ

Вазири ҳуқуқи башари Давлати наҷоти миллии Яман, таваққуфи куштори занону кудакону лағви муҳосираи Борикаи Ғазза аз сӯи режими саҳюнистиро хостор шуд.

Ба гузориши ИРНА, Алӣ Ал Дайламӣ, вазири ҳуқуқи башари Давлати наҷоти миллии Яман бо таъкид бар инки идомаи таҷовуз ба Борикаи Ғазза, мавзеъ ва ангезаи давлати Яманро дар дифо аз мардуми ин минтақа қавиттар мекунад, афзуд, мардум ва давлати Яман ба ёрии мардуми Фаластин бавижа Борикаи Ғазза идома хоҳанд дод.

Вай ҳамчунин иқдоми Амрико ва Англия дар таҷовуз ба Яманро фақат дар ростои дифо аз режими саҳюнистӣ донист ва гуфт, барои давлатҳои истикбории дарёнавардии байналмилалӣ ва тиҷорати ҷаҳонӣ аҳаммияте надорад.

Ин мақоми яманӣ бо баёни инки посух ба таҷовузҳои режими саҳюнистӣ қатъӣ аст ва навъу чигунагии ин посух тавассути неруҳои мусаллаҳи Яман таъйин мешавад, тасреҳ кард, тавоноии низомии Яман бо ҳамалоти кури Амрико ва Англия осеб намебинад, зеро беш аз 9 сол аст, ки дар вазъияти фавқулода ва дар ҳоли набард буда ва омодагии низомии худро ҳифз кардааст.

Ал Дайламӣ таъкид кард, Амрико Дарёи сурхро саҳнаи даргирии низомӣ табдил ва киштиронии байналмилалиро бо таҳдид рубару кардааст.

Насриддин Омир, раиси ҳайати иттилорасонии Давлати наҷоти миллии Яман ҳам бо маҳкум кардани ҳамалоти Амрико ва муттаҳидонаш дар НАТО зидди Яман гуфт, давлати Яман қудрат ва нерӯҳои худро ба таври комил ҳифз карда ва тавони ҳадаф қарор додани киштиҳои исроилӣ ва амрикоиро дорад.

Ин мақоми яманӣ бо баёни инки киштиронии байналмилалӣ барои дигар киштиҳои ҷаҳон дар амнияти комил аст ва фақат киштиҳои режими саҳюнистӣ ё киштиҳои ҳомили коло барои ин режим, ки озими сарзаминҳои ишғолӣ дар Дарёи Сурх, Уқёнуси Ҳинд ва Тангаи Бобулмандаб аст, ҳадаф қарор хоҳанд гирифт, таъкид кард, ки посух ба таҷовузи Амрико, заминӣ ва дарёӣ хоҳад буд ва киштиҳо ва новҳои вобаста ҳадаф қарор мегиранд

 

Барчасп