17 шаҳид ва захмӣ дар ҷинояти нави Исроил дар Ғазза
Ҳамлаҳои ҳамаҷонибаи режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза дар ҳоле вориди саду якумин рӯз шуда, ки аз тарафе шумори шаҳидони шаҳрвандони фаластинӣ ба беш аз 24 ҳазор нафар расида ва аз тарафи дигари режими саҳюнистӣ барои аввалин бор дар тӯли умри 75 солаи таъсиси ин режими зарбаҳои саҳмгине аз чаҳор гурӯҳи Муқовимати исломӣ ба таври ҳамзамон дарёфт карда ва дар айни ҳол ба ҳеҷ як аз аҳдофи иддаоии худ даст наёфтааст.
Ба гузориши ИРНА, бо вуқӯъи 2 амалиёти зиддисаҳюнистӣ дар шаҳраки саҳюнистнишини "Раънана" дар шимоли Тел-Авив , маркази Исроил низ камаш 19 нафар захмӣ шуданд.
Бар асоси ин гузориш, амалиёти зиддисаҳюнистӣ ба сурати зергирӣ бо худрав анҷом шуда ва амалиёти дигар ҳамла бо силоҳи сард будааст.
Шаҳрдори шаҳраки Раънана аз саҳюнистҳо хостааст, ки дар хонаи худ бмонанд ва тараддуд накунанд.
Хабар дигар инки шайх Алӣ Муҳиддин Қарадоғӣ , ки ба тозагӣ риёсати Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусулмонро бар ӯҳда гирифтааст аз ташкили ҳайате барои вуруд ба борикаи Ғазза хабар дод.
Шайх Қарадоғӣ бар нақши муҳимми ин иттиҳодия дар басиҷи мусулмонон барои ҳимоят аз мардуми мазлуми Ғазза ва баргузории эътисоботи умумӣ, ки дар он мардуми кишварҳои арабӣ ва исломӣ ширкат дошта бошанд, таъкид кард ва гуфт: Дар рӯзҳои оянда тарҳҳои дигаре барои ҳимоят аз Ғазза ба кишварҳои бузурги исломӣ монанди Туркия, Малайзия ва Индонезия ироа хоҳад шуд.