Январ 29, 2024 20:07 Asia/Dushanbe

Манобеи хабари асри душанбе аз ҳамлаи мушакии режими саҳюнистӣ ба Димишқ пойтахти Сурия хабар доданд.

Шабакаи Алмёдин эълом кард режими саҳюнистӣ бо се мушаки биноеро дар ҳумаи минтақаи Зайнабияи Димишқ ҳадаф қарор додааст.

 

Дар ҳаминҳоли манобеи хабарӣ аз фаъол шудани падофанди ҳавои артиши Сурия дар осмони Димишқ ва ҳумаи он хабар медиҳанд.

Бар асоси ин гузориши теъдоди мушак аз осмони Ҷувлони ишғолии шиллек шудааст ки аксари мушакҳо пеш аз расидан ба ҳадаф раҳгирӣ ва мунҳадим шудаанд .

Бархе манобеи хабарӣ эълом карданд дар ин ҳамла ду нафар ба шаҳодат расида ва шуморӣ низ маҷруҳ шудаанд.

Режими саҳюнистӣ дар солҳои ахири борҳо ба манотиқи мухталифи Сурия ҳамла кардааст. Ин ҳамалот дар моҳҳои ахир ба вижаи пас аз оғози даври ҷадиди ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза 7 октябр бештар шудааст.

Вазорати хориҷаи Сурияи ахиран дар баёнияӣ таъкид кард Исроил ташнаи хунибештари аст ва бо вуҷуди куштори ҳазорон фаластинӣ дар Ғазза ҳануз сер нашудааст.

Таҷовузҳои ҳавои режими саҳюнистӣ дар ҳоле аст ки давлати Сурия борҳо бо ирсоли нома ба Созмони Милал ва шурои амният ин ҳамалотро маҳкум ва таваққуфи онро хостор шудааст.

Барчасп