Феврал 02, 2024 21:00 Asia/Dushanbe
  • Як киштии англисӣ дар дарёи Сурх ҳадаф қарор гирифт
    Як киштии англисӣ дар дарёи Сурх ҳадаф қарор гирифт

Манобеи хабарӣ панҷшанбешаб аз ҳамла ба як киштии англисӣ дар дарёи Сурх хабар доданд.

Ба гузориши Ирна, як манбаи низомии Яман хабар дод, ки неруҳои вобаста ба давлати Наҷоти миллии ин кишвар як киштии англисиро, ки озими Фаластини ишғолӣ будааст, ҳадаф қарор доданд.

Аз сӯи дигар, Яҳё Сареъ, сухангӯи Неруҳои мусаллаҳи Яман дар баёнияе эълом кард, ки Неруҳои мусаллаҳи Яман дар ҳимоят аз мардуми Ғазза, як киштии тиҷории англисиро, ки ба самти банодири Фаластини ишғолӣ дар ҳаракат буд, бо мушакҳои дарёӣ ҳадаф қарор доданд.

Ҳадаф қарор гирифтани як киштии англисӣ дар дарёи Сурх дар ҳолест, ки Сайид Содиқ Шарафӣ, узви ҷумбиши Ансоруллоҳи Яман панҷшанбешаб гуфт, набарди размандагони ҷабҳаи муқовимат ва мардуми Яман то қатъи дасти ғосибони саҳюнистӣ дар минтақа ва идомаи куштори мардуми мазлуми Ғазза тавассути душманон бо қувват идома дорад.

Сайид Содиқ Шарафӣ афзуд, размандагони диловари Яман ва Ансоруллоҳи қаҳрамон бо ҳамаи қудрат муқобили Амрикои ҷинояткору режими ҷаълии саҳюнистӣ то пои ҷон истодагӣ мекунанд.

Неруҳои артиши Яман таъкид карданд, ки киштиронӣ дар халиҷи Адану дарёи Сурх барои соири киштиҳо озод аст ва онҳо аз амнияти комил бархӯрдор ҳастанд.

 

Барчасп