Феврал 26, 2024 13:10 Asia/Dushanbe
  • Идомаи тазоҳуроти ҷаҳони зидди наслкушии режими саҳюнистӣ дар Ғазза
    Идомаи тазоҳуроти ҷаҳони зидди наслкушии режими саҳюнистӣ дар Ғазза

Тазоҳуроти мардуми дар шаҳрҳои мухталифи ҷаҳон дар ҳимоят аз мардуми мазлуми Фаластин ва маҳкумияти ҷиноятҳои режими наслкуши саҳюнистӣ зидди фаластиниён бавижа дар борикаи Ғазза ҳамчунон идома дорад.

Ба гузоришаши хабаргузории Садо ва Симо ҳомиёни мардуми Фаластин рузи якшанбе бо барпои тазоҳуроти густарда дар шаҳрҳои Монҳойми Олмон, Порис пойтахти Фаронса, Милани Италия ва Ҳоланд дар ҳимоят аз Фаластин ва маҳкумияти ҷиноятҳои режими ишғолгари саҳюнистӣ зидди фаластиниён бавижа дар борикаи Ғазза таваққуфи ҷиноёт ва наслкушии режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғаззаро хостор шуданд.

Ҳомиёни Фаластин ҳамчунин бо барпои тазоҳуроти густардаи муқобили сифорати режими ишғолгари саҳюнистӣ дар Уммон, пойтахти Урдун таваққуфи ҷиноёт ва наслкушии режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғаззаро дархост карданд.

Режими саҳюнистӣ аз 7 октябри 2023 бо ҳимояти ҳамаи ҷонибаи кишварҳои ғарбӣ куштори густардаеро дар борикаи Ғазза ва каронаи бохтарии зиди мардум бедифо ва мазлуми Фаластин ба роҳ андохта аст.

Барчасп