Маҳкум кардани ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ дар навори Ғазза
(last modified Fri, 01 Mar 2024 12:22:14 GMT )
Март 01, 2024 17:22 Asia/Dushanbe
  • Маҳкум кардани ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ дар навори Ғазза

Ансоруллоҳи Яман наслкушии режими саҳюнистӣ дар майдони Наблус, дар навори Ғаззаро маҳкум кард.

Артиши режими саҳюнистӣ рӯзи панҷшанбе дар ҷинояти нави худ ҳазорон овораи фаластиниро аз шаҳри Ғазза, Ҷабалия ва Байти Ҳанун, ки мунтазири омадани мошинҳои ҳомили кумакҳои башарӣ дар роҳи соҳилии Ҳорун - ар-Рашид дар минтақаи Шайх Аҷлин буданд, бомбаборон кард.

Ансоруллоҳи Яман дар баёнияе бо ишора ба бомбаборони паноҳҷӯён дар навори Ғазза, ки дар саф барои ғизо истода буданд, эълом кард, ин ҷинояти ваҳшиёна боз як далели барои наслкушӣ аст, ки ин режим дар Ғазза анҷом медиҳад.

Дар идомаи ин баёния, бо ишора ба ин ки Амрико масъули идомаи ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Фаластин аст, гуфта шудааст: Ветои Амрико барои қатъи ҷанг дар Ғазза гувоҳи пӯшиши сиёсии Амрико аз ҷиноятҳои ишғолгарони саҳюнистӣ аст.