Баррасии ҳамкории Тоҷикистону Ироқ дар Бағдод
Март 06, 2024 09:55 Asia/Dushanbe
Зубайдулло Зубайдзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ироқ бо Муҳаммад Шиёъ ас-Судонӣ, нахуствазири Ироқ дидору гуфтугӯ кард.
Ба гузориши сомонаи “Ховар”, дар ин дидор тарафайн дар мавриди ҳамкориҳои Тоҷикистону Ироқ дар бахшҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ ва соири заминаҳои мавриди алоқаи дуҷониба гуфтугӯ карданд.
Тарафайн ҳамчунин дар бораи вазъияти кунӯнии минтақа ва ҷаҳон табодули назар карданд.
Дар фарҷоми мулоқот даъватнома ба унвони Сарвазири Ҷумҳурии Ироқ ҷиҳати иштирок дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» расман супорида шуд.
Барчасп