Шаҳодати 12 фаластинӣ дар ҳамла ба як манзили истиқомати дар маркази Ғазза
(last modified 2024-03-17T09:33:57+00:00 )
Март 17, 2024 14:33 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати 12 фаластинӣ дар ҳамла ба як манзили истиқомати дар маркази Ғазза
    Шаҳодати 12 фаластинӣ дар ҳамла ба як манзили истиқомати дар маркази Ғазза

Дар ҳамлаи ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ ба як манзили истиқомати дар маркази Ғазза дастикам 12 фаластинӣ шаҳид шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Самои Фаластин ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ як манзили истиқоматиро дар маркази шаҳри Дайралбалҳ маркази борикаи Ғазза бомбаборон карданд ки дар ин ҳамлаи ҷинояткорона дастиками 12 фаластинӣ шаҳид ва теъдоди ҳам захмӣ шуданд.

Хабари дигар аз борикаи Ғазза ин ки 13 мошини борбарии ҳомили кумакҳои башардустона барои нахустинбор аз ҳудуди панҷ моҳи пеш, вориди шимоли борика ғазза шуданд.

Пештар кумакҳои аз тариқи ҳавоӣ ба манотиқи дар шимолу маркази борикаи Ғазза ирсол шуда буд.

Режими саҳюнистӣ бо мумонеат аз вуруди кумакҳои зарурӣ ва башардустона аз ҳарбаи дигар барои аҳдофу шувми худ ва идомаи наслкушии зиди мардуми Фаластин истифода мекунад.

Гуруҳҳои муқовимати фаластинӣ ҳафтуми октябри 2023 амалиёти ғофилгеркунандае бо ном Туфони алақсо-ро аз борикаи Ғазза зиди мавозиъи режими саҳюнистӣ оғоз карданд, ки саранҷом пас аз 45 руз набард ва даргири 24 ноябри 2023 миёни Исроилу  Ҳамос оташбаси муваққати чаҳор руза ё ҳамон вақфа барои табодули асирон миёни Ҳамос ва Исроил барқарор шуд.

Ин вақфа дар ҷанги ҳафтруза идома ёфт ва саранҷоми субҳи ҷумъаи якуми декабри 2023 оташи басимуваққат ба поён расед ва режими саҳюнистӣ ҳамалоти зиди Ғаззаро аз сар гирифт.

Ин режим барои талофии ҳамалоти ғофилгиркунандаи Туфони алақсо ва ҷуброни шикаст ва таваққуфи амалиёти муқовимат, тамоми гузаргоҳҳои борукаи Ғаззаро баста ҳамчунон дар ҳоли бомбаборони ин минтақа аст.

Баннобар эъломи Вазорати беҳдошти Фаластин дар ҳамалоти артиши режими наслкуши Исроил ба борикаи Ғазза аз 7 октябри гузашта токунун беш аз 31 ҳазор нафар шаҳид ва афзун бар 73 ҳазор нафар захмӣ шуданд.

Барчасп