Таъкид бар аҳамияти андешаҳои Имом Хумайнӣ ( раҳ ) дар семинари Рӯзи Қудс дар Покистон
(last modified 2024-04-04T05:59:48+00:00 )
Апрел 04, 2024 10:59 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар аҳамияти андешаҳои Имом Хумайнӣ ( раҳ ) дар семинари Рӯзи Қудс дар Покистон

Суханронони ҳамоиши гиромидошти Рӯзи ҷаҳонии Қудс дар пойтахти Покистон бар аҳамияти пайравӣ аз андешаҳои Имом Хумайнӣ ( раҳ ) таъкид карданд .

Ба гузориши Ирно , суханронони ҳамоиши гиромидошти Рӯзи ҷаҳонии Қудс ки рӯзи чаҳоршанбе дар Исломобод , пойтахти Покистон , баргузор шуд , эълом карданд , рӯзи Қудс мӯҷиби тақвияти сангари мусулмонони ҷаҳон дар дифоъ аз Фаластин ва  мухолифат бо режими номашрӯъи Исроил мешавад .

Шахсиятҳои покистонӣ ҳадаф аз ин гирдиҳамоиро барҷаста кардани аҳамияти Рӯзи ҷаҳонии Қудс ,равшангари зидди ҷиноёти режими Исроил дар Ғазза ва  лузӯми тақвияти иттиҳоди исломӣ барои ғалаба бар чолишҳои муштараки ҷаҳони Ислом ба вижа дифоъ аз Фаластин унвон карданд.

Суханронии ҳамоиши гиромидошти Рӯзи ҷаҳонии Қудс дар Исломобод гуфтанд, ки Байтулмуқаддас қиблаи аввалини  мусулмонон , ҳарами дувуми ҷаҳони ислом баъд аз Каъба ва  ватани фаластиниёни овора аст, ки аз сӯи нерӯҳои ишғолгари саҳюнистӣ ба зӯри тасарруф шудааст .

Суханронони покистонӣ ҳамчунин баргузории ҳарчӣ бошукӯҳтари роҳпаймоиҳои Рӯзи ҷаҳонии Қудс дар тамоми Покистонро хостор шуда ва аз давлат Покистон хостанд то Рӯзи ҷаҳонии Қудсро ба сурати расмӣ ва  миллӣ баргузор кунад . Ба ибтикори Имом Хумайнӣ ( раҳ ) , бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрони охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон бо ҳадафи зинда нигаҳдоштани ормони Фаластин ба унвони масъалаи нахусти ҷаҳони Ислом , Рӯзи ҷаҳонии Қудс номгузорӣ шудааст .

Барчасп