Исроил омили аслии ташдиди танишҳо дар ғарби Осиё аст
(last modified Wed, 17 Apr 2024 13:56:15 GMT )
Апрел 17, 2024 18:56 Asia/Dushanbe
  • Исроил омили аслии ташдиди танишҳо дар ғарби Осиё аст

Раисҷумҳури Туркия дар ҳимоят аз амалиёти ҷавобии Ҷумҳурии Исломии Эрон алайҳи режими саҳюнистӣ, сарони ин режемро танҳо омилони ташдиди танишҳо дар ғарби Осиё донист.

Режими наслкуши Исроил душанбе, аввали апрели 2024 дар иқдоми террористӣ ба бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқ ҳамла кард, ки ба шаҳодати ҳафт нафар аз мушовирони баландпояи низомии Эрон мунҷар шуд.

 Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва фармондеҳи муаззами кулли қувои Эрон, иқдоми Тел-Авивро ҳамла ба хоки Ҷумҳурии Исломии Эрон унвон ва таъкид карданд режими саҳюнистӣ "танбеҳ" хоҳад шуд.

 Дар ҳамин росто бомдоди рӯзи якшанбе (14 апрел) Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо шиллики паҳпод ва мушак ба сӯи сарзаминҳои ишғолӣ, иқдом ба танбеҳи ин режими мутаҷовиз кард.

 Расонаҳои вобаста ба режими ишғолгари Исроил ва Амрико талош карданд ҳаҷми тахрибҳо ва осебҳои ворида ба сарзамини ишғолиро камранг нишон диҳанд, аммо тасвирҳои мавҷуд аз бархурди мушакҳо ва паҳподҳо ба марказҳои муҳими низомии режими наслкуши саҳюнистӣ ҳикоят дорад.

 Дар ҳамин робита ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Раҷаб Тайиб Ардуғон,раисҷумҳури Туркия дар изҳороте дар бораи таҷовузи ахири Исроил ба бахши консулии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Димишқ, пойтахти Сурия гуфт: Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ ва дигар сарони ин режем танҳо гунаҳкорони танишҳои ахир дар ғарби Осиё ҳастанд.

 Ардуғон нахуствазири режими саҳюнистиро ба талош барои эҷоди як ҷанги минтақаӣ муттаҳам кард ва гуфт: Натанёҳу дар талош аст барои мондан дар қудрат ҷанг дар Ғаззаро тӯлонӣ кунад.

Раисҷумҳури Туркия дар поён аз ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба бахши консулии сафорати Эрон дар Сурия ба унвони охирин маврид аз танишофриниҳои ин режим ёд карда ва бар зарурати афзоиши талошҳои ҷаҳони Ислом ба манзури мутаваққиф сохтани ҳамлаҳои ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ ва муҷозоти он ба далели ҷиноят алайҳи башарият таъкид кард.