Мувофиқати Ҳамос бо пешниҳоди Миср ва Қатар барои оташбас
Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) бо пешниҳоди Қатар ва Миср барои тавофуқи оташбас мувофиқат кард.
Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) душанбешаб аз мувофиқати худ бо пешниҳоди Миср ва Қатар дар бораи оташбас шомили таваққуфи фаврӣ ва пойдори ҷиноёти режими саҳюнистӣ, рафъи муҳосираи золимона зидди борикаи Ғазза, табодули асирон, хурӯҷи комил ва беқайду шарти неруҳои ишғолгари исроилӣ аз борикаи Ғазза ва бозсозии харобиҳои ҷанг хабар дод.
Пойгоҳи интернитии Араб 48 тасвирҳое аз шодӣ ва хушҳолии аҳолии Ғазза пас аз эъломи мувофиқати Ҳамос бо пешниҳоди миёнҷиҳо барои барқарории оташбас пахш кард.
Режими наслкуши Исроил аз ҳафтуми октябри 2023 бо ҳимояти ҳамаҷонибаи Амрико ва кишварҳои ғарбӣ, куштори густурдаеро дар борикаи Ғазза ва каронаи бохтарии рӯди Урдун зидди мардуми бедифоъ ва мазлуми Фаластин ба роҳ андохтааст.
Бинобар эъломи Вазорати беҳдошт Фаластин, аз замони оғози ҳамлаи режими ишғолгари саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза аз ҳафтуми октябри гузашта то кунун 34 ҳазору 735 фаластиние, ки биёрии онҳоро занон ва кӯдакон ташкил медиҳанд, ба шаҳодат расиданд ва 78 ҳазору 108 фаластинӣ низ маҷрӯҳ шуданд, ки бештари қурбониёни ин ҳамалот, занону кӯдакон ҳастанд.
Бо идомаи муҳосираи борикаи Ғазза, ки ба камбуди шадиди маводи ғизоӣ, оби ошомиданӣ, дору ва таҷҳизоти пизишкӣ мунҷар шуда, ҳамчунин кунд будани раванди вуруди кумакҳои инсонӣ ба ин минтақа, нигарониҳои байналмилалӣ аз бурузи фоҷеъаҳои инсонӣ, аз ҷумла қаҳтӣ ва гуруснагӣ ва ривоҷи бемориҳои вогирадор афзоиш ёфтааст.