Таҳлил. Истифодаи Исроил аз силоҳи амрикоӣ дар ҳамла ба мардуми Фаластин + назари коршинос
(last modified 2024-05-30T10:38:11+00:00 )
Май 30, 2024 15:38 Asia/Dushanbe
  • Давлати Ҷо Байден сиёсати худро дар қиболи режими Исроил тағйир надодааст
    Давлати Ҷо Байден сиёсати худро дар қиболи режими Исроил тағйир надодааст

Шабакаи хабарии Си Эн Эн-и Амрико тайи гузорише эътироф кард, таҳлили видеои марбут ба ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба урдӯгоҳи Рафаҳ ва мусоҳиба бо коршиносони силоҳҳои инфиҷорӣ нишон медиҳад, ки дар ҳамлаи маргбори ахири Исроил ба чодарҳои оворагони фаластинӣ дар Рафаҳ аз муҳиммоти амрикоӣ истифода шудааст.

Бино ба эъломи Си Эн Эн, видеое, ки ба дасти ин шабакаи хабарӣ расида, нишон медиҳад, дар ҳамлаи якшанбеи Исроил ба урдӯгоҳи оворагон дар Рафаҳ бахшҳое аз чодарҳо дучори оташ шуданду теъдоди зиёде аз занон, мардон ва кӯдакон бо тарсу ваҳшат ба дунболи маконе амн дар пайи ин ҳамлаи шабона буданд.

Ҳамчунин аҷсоди сӯхташуда, аз ҷумла аҷсоди кӯдаконе ки талош мешуд аз сӯи имдодгарон аз зери оворҳо берун кашида шавад, мушоҳида мешавад.

Агарчӣ тарҳи достоне чунин ҷиноёте аз сӯи маҳофили хабарии ғарбӣ, бахусус Амрико, як трагедияи инсонӣ ва барои пур кардани замони барнома аст, аммо як ҷинояти инсониву расвоии бузург барои Амрико талаққӣ мешавад, ки саҳюнистҳо ҳамчунон бо ҳимоятҳои Амрико ва силоҳҳои маргбори ин кишвар даст ба ҷиноёти ҳавлнок алайҳи мардуме мезананд, ки бо ҳимоятҳои Амрико аз режими саҳюнистӣ дар ҳамла ба Рафаҳ, аз хонаҳои худ овора шудаанду мардумони бесарпаноҳе ҳастанд, ки куштори онҳо на пирӯзии ҷангӣ маҳсуб мешавад, балки расвоии дигаре барои давлати Амрико, бахусус Ҷо Байден, раиси ҷумҳури ин кишвар аст.

Муҳсини Рӯисифат, коршиноси масоили минтақа дар ин бора гуфт: “Дар ҳоле ки ҷиноёти саҳюнистҳо бо силоҳҳои амрикоӣ дар Рафаҳ идома дорад, Амрико густохона эълом мекунад, ки режими саҳюнистӣ ҳанӯз амалиёти бузург дар Рафаҳро анҷом надодааст. Чунин мавзеи ғайриинсонӣ аз сӯи мақомоти амрикоӣ ба ин маъно аст, ки Амрико чашмони худро бар рӯйи ҷиноёти ваҳшиёнаи Исроил баставу онро монанди саги ҳоре (девона) дар Рафаҳ ва Ғазза раҳо кардааст.

Бар асоси гузориши Вазорати беҳдошти Ғазза ва пизишкони фаластинӣ, ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба урдӯгоҳи оворагон дар ҷануби Ғазза боиси шаҳодати дастикам 45 нафар ва захмӣ шудани 200 нафар шуд. Ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Рафаҳ, ки паноҳгоҳи ҳудуди як миллиону 300 ҳазор фаластинии овора аст, маҳкумияти шадиди байналмилалиро барангехту созмонҳои байналмилалӣ, гуруҳҳои имдодрасону теъдоди зиёде аз давлатҳо аз режими саҳюнистӣ хостанд фавран ба ҳамалоти худ поён диҳад.

Ин дар ҳолест, ки ин режими ҷинояткор на танҳо ба қавонини байналмилалӣ дар риояти ғайринизомиён дар ҷанг тавваҷуҳ надорад, балки бо ҳимоятҳои Амрико қатъномаҳои Шӯрои амнияти СММ ва ниҳодҳои қазоии байналмилалие ҳамчун Девони байналмилалии кайфариро барои таваққуфи ҷанг дар Рафаҳ ва Ғазза нодида мегирад.

Бо ин ҳол давлати Ҷо Байден сиёсати худро дар қиболи режими Исроил тағйир надода ва муътақид аст, ки ҳамалоти Рафаҳ ҳанӯз аз хати қирмизе, ки метавонад ҳимояти Амрико аз ин режимро тағйир диҳад, убур накардааст. Чунин мавзеъгирӣ барои давлати Ҷо Байден дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико муҳим аст ва вай намехоҳад ҳимояти лобиҳои саҳюнистӣ ва яҳудиёнро дар интихобот аз даст бидиҳад. Ба ҳамин далел Байден, ки дар авоили моҳи ҷорӣ дар мусоҳиба бо Си Эн Эн муддаӣ шуда буд, ки иҷоза намедиҳад бархе аз силоҳҳои амрикоӣ дар ҳамла ба Рафаҳ истифода шавад, аз сӯи давлати вай нодида гирифта шудаву муҳим барои Байден ҷалби назари яҳудиён ва саҳюнистҳо барои интихобот аст, на ҷони мардуми мазлуми Фаластин дар Ғаззаву Рафаҳ.

Ба гуфтаи коршиносон, силоҳҳои инфиҷорӣ дар ҳамлаи ахири саҳюнистҳо ба урдӯгоҳи Рафаҳ интиҳои як бомбаи амрикоӣ бо қутри кучаки мавсум ба GBU - 39 мушоҳида мешавад, ки мақомоти амрикоӣ наметавонанд онро пинҳон кунанд. Додаҳои Муассисаи таҳқиқоти Сулҳи байналмилалии Стокголм (SIPRI) нишон медиҳад, Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон бузургтарин таъминкунандаи таслеҳоти режими саҳюнистӣ аст ва ин ҳимоятҳо бо вуҷуди фишорҳои сиёсии физоянда бар давлати Байден, дар мавриди ҳамла ба Ғазза идома дорад.

 

Барчасп