Июн 08, 2024 17:15 Asia/Dushanbe
  • Аҷзи ҷаҳонӣ барои поён додан ба кӯшторҳо дар Ғазза
    Аҷзи ҷаҳонӣ барои поён додан ба кӯшторҳо дар Ғазза

Исмоили Ҳания раиси дафтари сиёсии Ҷунбиш Ҳамос гуфт : Душман ба кӯштори миллати мо идома медиҳад ва ҷаҳон аз поён додан ба наслкушӣ ки миллати мо бо он рӯ ба рӯ аст , оҷиз аст .

Ба гузориши сервиси байналмилали хабаргузории Садо ва Симо ; Исмоили Ҳания раиси дафтари сиёсии Ҷунбиш Ҳамос гуфт : Душман ба кӯштори миллати мо идома медиҳад ва акнӯн фаслҳои ҷадидӣ аз ин кӯштор дар Алнасирот ва Деир Ал Балаҳ дар ҷараён аст. 

Ҷаҳон , ишғолгаронро кӯдаккӯш эълом кард , аммо аз поён додан ба наслкушӣ ки миллати мо бо он рӯ ба рӯ аст , оҷиз аст . Миллати мо таслим нахоҳад шуд ва муқовимат ба дифоъ аз ҳуқуқи мо дар баробари душмани ҷинояткор идома хоҳад дод .

Ишғолгарон аз назари низомӣ шикаст хӯрданд ва шоҳиди суқӯти сиёсӣ ва ахлоқии онҳо ҳастем ва ҷаҳон бояд иқдоме анҷом диҳад . Умматҳои арабӣ ва исломӣ ва озодмардони ҷаҳон бояд дар баробари қатли оми ваҳшиёна ва шаҳодати даҳҳо ғайринизомӣ,  бапохезанд .

Барчасп