Ҳимояти Покистон аз қарор додани режими саҳюнистӣ дар феҳрести сиёҳи режимҳои кудакуши Созмони Милали Муттаҳид
(last modified 2024-06-09T05:49:26+00:00 )
Июн 09, 2024 10:49 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Покистон аз қарор додани режими саҳюнистӣ дар феҳрести сиёҳи режимҳои кудакуши Созмони Милали Муттаҳид
    Ҳимояти Покистон аз қарор додани режими саҳюнистӣ дар феҳрести сиёҳи режимҳои кудакуши Созмони Милали Муттаҳид

Покистон аз қарордодани режими наслукаши саҳюнистӣ дар феҳрести сиёҳи режимҳои кудакуши Созмони Милали Муттаҳид ҳимоят кард.

Антони Гуттереш дабирикули Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайати режими ғосиби саҳюнистӣ дар Созмони Милали Муттаҳид итилоъ дод ки режими ҷинояткори саҳюнистиро дар феҳрести сиёҳи режимҳои кудакуши Созмони Милали Муттаҳид қарор медиҳад.

Дар ҳамин росто ба гузориши ИРНА, Мунири Акрам, сафири Покистон дар Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди қарордодани режими ишғолгари саҳюнистӣ дар феҳрести сиёҳи режимҳои кудакуши Созмони Милал Муттаҳид гуфт, сабти режими ғосиби саҳюнистӣ дар феҳрести сиёҳи Созмони Милали Муттаҳид мавриди интизор буд ва дар воқеъ ин кор бояд хела зудтар анҷом шавад.

Мунири Акрам таъкид кард, Покистон тамомии кишварҳое ки ба режими ҷаълии саҳюнистӣ таслеҳот ироа мекунанд, маҳкум мекунад.

Феҳрести сиёҳи режимҳои кудакуши Созмони Милали Муттаҳид дар гузориши дар мавриди кудакон ва даргириҳои мусаллаҳона ки қарор аст дар 14 июни 2024 ба шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ироа шавад.

Ин феҳрест ки ба феҳрести нанг маъруф аст шомили кишварҳо, тарафҳо ва созмонҳое аст ки ба нақзи ҳуқуқи кудакон пардохтаанд.

Барчасп