Идомаи ҳамлаҳои заминӣ ва ҳавоии режими саҳюнистӣ ба манотиқи мухталифи борикаи Ғазза
(last modified 2024-06-18T08:33:30+00:00 )
Июн 18, 2024 13:33 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҳамлаҳои заминӣ ва ҳавоии режими саҳюнистӣ ба манотиқи мухталифи борикаи Ғазза

Ҳамлаҳои заминӣ ва ҳавоии режими саҳюнистӣ ба манотиқи мухталифи Фаластин ба вежа борикаи Ғазза ҳамчунон идома дорад.

Ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ манотиқ маскунӣ дар урдугоҳи Алнасирот, маркази борикаи Ғаззаро бомбаборон карданд, ки дар ин иқдоми саҳюнистҳо камаш 10 фаластинӣ ба шаҳодат расиданд ва чанд нафар ҳам захмӣ шуданд.

 Низомиён саҳюнист ҳамчунин теъдоде аз биноҳои маҳаллаи "Алтил Ассултон", ғарби шаҳри Рафаҳро бо хок яксон карданд.

 Хабарнигори шабакаи телвизиюнии "Алҷазира" ҳам аз ҳамлаи низомиёни саҳюнист ба минтақаи "Кафаруллубуд",шарқи Тулкарм ва вуқӯъи даргирӣ дар ин минтақа миёни мутаҷовизон ва шаҳрвандони Фаластин хабар дод.

 Низомиён саҳюнист ҳамчунин дар чандин навбат ба минтақаи "Алзаҳар" воқеъ дар Байт Амр дар шимоли Алхалил ҳамла карданд.

 Низомиён мутаҷовизи саҳюнистӣ ба манотиқи дигари фаластинишин низ юриш бурданд.

 Илова бар ҳамалоти низомиёни саҳюнист ба каронаи бохтарии рӯди Урдун шаҳракнишинони саҳюнист низ ба минтақаи шарқи Ромуллоҳ ҳамла карданд, ки дар пайи ин иқдом дастикам 8 ҷавони фаластинӣ захмӣ шуданд.

 Артиши режими саҳюнистӣ илова бар бомбаборони манотиқи мухталифи Фаластин бомдоди имрӯз сешанбе атрофи минтақа "Кафаршубо", ҷануби Лубнонро ҳам ҳадаф қарор дод.

 

Барчасп