Маҳкумияти ҳамлаи ҳавоии режими саҳюнистӣ ба бандари Алҳудайдаи Яман аз тарафи Эрон
(last modified 2024-07-21T05:32:58+00:00 )
Июл 21, 2024 10:32 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти ҳамлаи ҳавоии режими саҳюнистӣ ба бандари Алҳудайдаи Яман аз тарафи Эрон

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни маҳкум кардани ҳамлаи ҳавоии режими саҳюнистӣ ба таъсисоти бандари Алҳудайдаи Яман гуфт: Мардуми мазлум, аммо муқтадири Яман товони ҳимояти шарофатмандонаи худ аз шаҳрвандон ва занону кӯдакони бегуноҳи Ғаззаро медиҳанд.

Ба гузориши ИРНА,Носир Канъонии Чофӣ, ин ҳамалотро, ки мунҷар ба тахриби зерсохтҳои ғайринизомии бандари Алҳудайдаи Яман ва шаҳодату ҷароҳати ҷамъе аз мардуми Яман шуд, баёнгари хуи таҷовузкоронаи режими кӯдаккуши Исроил тавсиф кард ва нисбат ба хатари ташдиди таниш ва густариши оташи ҷанг дар минтақа дар натиҷаи моҷароҷӯииҳои хатарноки саҳюнистҳо ҳушдор дод.

 Канъонии Чофӣ тадовуми куштор ва муҳосираи ҳамаҷонибаи сокинони бедифоъи борикаи Ғазза аз тарафи режими саҳюнистиро решаи аслии танишҳои ҷорӣ дар минтақа донист ва афзуд: То вақте, ки таҷовузоти ин режим дар Фаластин ба вежа борикаи Ғазза идома дорад, оромиш ба минтақа бознахоҳад гашт.

 Ҷангандаҳои артиши режими саҳюнистӣ асри шанбе шаҳри бандарии Алҳудайда дар ғарби Яманро ҳадаф қарор доданд.

 

Барчасп