Вокуниши расонаи саҳюнистӣ ба ҳукми Девони Байналмилалии Додгустарӣ
(last modified Mon, 22 Jul 2024 06:25:05 GMT )
Июл 22, 2024 11:25 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши расонаи саҳюнистӣ ба ҳукми Девони Байналмилалии Кайфарӣ дар бораи Исроил
    Вокуниши расонаи саҳюнистӣ ба ҳукми Девони Байналмилалии Кайфарӣ дар бораи Исроил

Расонаи саҳюнистӣ ҳукми Девони Байналмилалии Додгустарӣ дар бораи моҳияти ишғолгаронаи Исроил як пирӯзии ҳуқуқии бузург барои ҷунбишҳои тарафдори таҳрим зидди Тел-Авив донист.

Рӯзномаи саҳюнистии «Едиот Аҳронот» рӯзи якшанбе ҳукми Девони Байналмилалии Додгустарӣ дар бораи ғайриқонунӣ будани ишғолгариро таҳаққуқи сенарияе донист, ки Исроил ҳамеша аз он метарсид.

Ин расонаи саҳюнистӣ ба ҳукми Девони Байналмилалии кайфарӣ барои боздошти Бенёмин Натанёҳу, нахуствазир ва Юов Галант, вазири ҷанги Исроил ишора карду ин мавзӯро як дастовард барои муқовимати Фаластин дар ҳавзаи ҳуқуқӣ арзёбӣ кард.

Девони Дайналмилалии Додгустарӣ рӯзи ҷумъа дар баёнияе бо ишора ба сохту тавсеаи шаҳракҳои саҳюнистнишин дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун ва шарқи Байтулмуқаддас, ҳузури режими саҳюнистиро дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин ғайриқонунӣ хонд ва поён додан ба онро хостор шуд.