Тағйири бузург дар мувозиноти стратегии Ғарби Осиё бо ҳамлаи Яман ба режими Исроил
(last modified 2024-07-24T14:46:34+00:00 )
Июл 24, 2024 19:46 Asia/Dushanbe
  • \\\
    \\\"Посух ба ҳамлаи Исроил ба таъвиқ намеуфтад\\\"

Шабакаи “Ал-Масира” дар гузорише эълом кард, ҳамлаи паҳподии Яман ба Тел-Авив илова бар хисоратҳои иқтисодӣ, роҳбурдӣ ва сиёсӣ барои Тел-Авив, сигналҳои зиёде барои ба чолиш кашидани эътилофи ҳомии режими саҳюнистӣ мухобира кардааст.

Порс-тудей. Таъкиди яманиҳо бар танбеҳи режими саҳюнистӣ, истодагии мардуми Яман дар канори мардуми Фаластин, тарси Натанёҳу аз Яман ва эътирофи  коршиносон ба тағйири мувозинаи стратегӣ дар минтақа бо ҳамлаи паҳподии Яман ба Тел-Авив, аз ҷумлаи муҳимтарин таҳаввулоти Ғарби Осиё аст.

 

Яман ба ҳимоят аз мардуми Ғазза идома хоҳад дод

Дафтари сиёсии давлати Наҷоти миллии Яман рӯзи душанбе дар баёнияе эълом кард, неруҳои мусаллаҳи ин кишвар ба ҳимоят аз мардуми Ғаззаву Фаластин идома хоҳанд дод.

Гуфтанӣ аст, артиши Яман пас аз оғози ҷанги Ғазза дар ҳимоят аз фаластиниён, даҳҳо амалиёти низомӣ, шомили паҳподиву мушакӣ дар тангаи Бобулмандаб, дарёи Сурх ва дарёи Миёназамин алайҳи аҳдофи исроилӣ анҷом додааст.

 

“Ҳооретс”: Натанёҳу аз яманиҳо метарсад

Ба гузориши ИСНА, рӯзномаи саҳюнистии “Ҳооретс” дар гузорише, зимни тавсифи Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири ин режим ба унвони шахсе буздил, заифу сустирода, таъкид кард, Натанёҳу аз яманиҳо метарсад.

 

Мушакҳои Яман дар роҳи Тел-Авив

Ба гузориш “Дифоъ пресс”, баъд аз ҳамалоти мутақобили рӯзи шанбеи Яман ва режими саҳюнистӣ, расонаҳои исроилӣ нисбат ба ҳадаф қарор гирифтани сарзаминҳои ишғолӣ тавассути мушакҳои болистики Яман ҳушдор доданд.

 

Давлати Наҷоти миллии Яман: Посух ба ҳамлаи Исроил ба таъвиқ намеуфтад

Ба гузориши хабаргузории Исна, Алӣ Алқаҳум, узви дафтари сиёсии давлати Наҷоти миллии Яман рӯзи душанбе дар хусуси ҳамлаи ҳавоии режими саҳюнистӣ ба Ҳудайда ва посухи неруҳои яманӣ ба ин ҳамла гуфт: Рӯзҳои оянда обистани шигифтӣ ва ғофилгирӣ хоҳад буд ва посухи мо ба ҳамалоти режими саҳюнистӣ, ки шомгоҳи шанбе шаҳри Ҳудайдаро ҳадаф қарор дод, ба таъвиқ нахоҳад афтод.

Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, Алии Боқирӣ, сарпарасти Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи душанбе дар тамосе бо Муҳаммад Абдуссалом, сухангӯ ва раиси ҳайати музокиракунандаи давлати Наҷоти миллии Яман истодагии миллати муқовими Яман дар канори мардуми мазлуми Фаластинро торихиву муҷиби ифтихори Ислом тавсиф кард.

 

Ҳамлаи Яман ба Тел-Авив ва тағйири мувозиноти стратегии минтақа

Ба гузориши шабакаи “Ал-Масира”, ҳамлаи паҳподии Яман ба Тел-Авив илова бар хисоратҳои иқтисодӣ, роҳбурдӣ ва сиёсӣ барои Тел-Авив, сигналҳои зиёде барои ба чолиш кашидани эътилофи ҳомии режими саҳюнистӣ мухобира кардаву боиси тағйири мувозиноти стратешӣ дар минтақа шудааст.

 

Барчасп