Худдории ҷудокори алҷазоирӣ аз мусобиқа баробари намояндаи режими саҳюнистӣ дар олимпии Порис
(last modified 2024-07-29T10:28:54+00:00 )
Июл 29, 2024 15:28 Asia/Dushanbe
  • Масъуд Ризвон Идрис, ҷудокори аҳли Алҷазоир аз мусобиқа бо ҳарифи исроилӣ даст кашид
    Масъуд Ризвон Идрис, ҷудокори аҳли Алҷазоир аз мусобиқа бо ҳарифи исроилӣ даст кашид

Ҷудокори алҷазоирӣ дар ҳимоят аз мардуми Фаластин, аз мусобиқа бо ҷудокори режими саҳюнистӣ дар олимпии Порис худдорӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, рақобатҳои ҷудои бозиҳои олимпии 2024 -и Порис рӯзи якшанбе оғоз шуд.

Дар яке аз ин дидорҳо Масъуд Ризвон Идрис, ҷудокори аҳли Алҷазоир, ки бо ҳарифе аз режими саҳюнистӣ мувоҷеҳ шуда буд, ҳозир ба мусобиқа нашуд ва аз даври мусобиқот канор рафт.

Ин варзишкори алҷазоирӣ дар ҳимоят аз мардуми Фаластин дар муқобили ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза ва мухолифат бо одисозии равобит бо ин режим, ин тасмимро гирифт.

Идрис дар вазни минҳои 73 килограм дар марҳалаи якшонздаҳум бояд ба масофи Туҳор Бутабл, ҷудокори режими саҳюнистӣ мерафт, аммо барои ин ки бо маҳрумият мувоҷеҳ нашавад, вазни худро то маҳдудаи вазни қонунӣ коҳиш надод.

 

Барчасп