Ҳушдори сафорати Эрон дар Бейрут дар бораи тааррузи эҳтимолӣ ба Лубнон
Сафорати Эрон дар Лубнон дар солрӯзи набард ва даргирӣ миёни Лубнон ва режими саҳюнистӣ дар соли 2010 таъкид кард: Дасте, ки ба сӯи ин кишвар дароз шавад қатъ хоҳад шуд.
Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Лубнон дар солрӯзи набард ва даргирӣ миёни Лубнон ва режими саҳюнистӣ дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт: Рӯёрӯи қаҳрамононаи афсарон ва сарбозони артиши Лубнон дар шаҳраки ҷанубии Ал Адисия дар 3 августи 2010 мояи фахру ғурур ва тақдими хун ба муодилаи тилоӣ аст (миллат, артиш ва муқовимат), ки аз марзҳо ҳифозат мекунанд.
Сафорати Эрон ҳамчунин навишт: Ин ҳодиса ҳушдори дубора барои касоне аст, ки ҷуръати ҳамла ба ҳар ваҷаб аз хоки Лубнон кунанд.
Дар идомаи ин паём таъкид шудааст: Дасте, ки ба сӯи ин кишвар дароз шавад қатъ хоҳад шуд.
Севуми августи 2010 режими Исроил бо тонкҳо ва таҷҳизоти низомии худ ба рустои Ал Адиса дар марзҳои ҷанубии Лубнон таҷовуз кард, амре, ки мӯҷиби даргирии неруӯҳои артиши Лубнон бо мутаҷовизон шуд.
Дар ин даргирӣ як афсари баландпояи Исроил ба ҳалокат расид ва се лубнонӣ, аз ҷумла ду низомӣ ба шаҳодат расиданд.