Ҳимояти Ҳамос ва ҷиҳоди исломӣ аз амалиёти муваффақу посухи кубандаӣ Ҳизбуллоҳ зидди Исроил
(last modified 2024-08-26T07:15:58+00:00 )
Август 26, 2024 12:15 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Ҳамос ва ҷиҳоди исломӣ аз амалиёти муваффақу посухи кубандаӣ Ҳизбуллоҳ зидди Исроил

Ҷунбишҳои фаластинии ҷиҳоди исломӣ ва Ҳамос дар баёнияҳои ҷудогонаи зимни табрики амалиёти ҷунбиши Ҳизбиуллоҳи зиди режими саҳюнистӣ дар посух ба террори « Фуоди Шукр » фармондеҳи ҷиҳодии ин ҷунбиш , ин амалиётро силии муҳкамӣ бар сӯрати кабинаи фашисти Исроил тавсиф карданд .

Ҳизбуллоҳи Лубнон субҳи имрӯз дар баёнияе эълом кард : Марҳалаи нахусти посух ба террор « Фуод Шукр » фармондеҳи ҷиҳодии худро ба бо муваффақият поёни расонад ва неруҳои Ҳизбуллоҳ бо шиллики 320 ракети катюша ва низ ҳамалоти паҳподӣ , бо гузар аз сомонаҳои падофандии режими саҳюнистӣ муваффақ шуданд то 11 пойгоҳу мавзеи низомии саҳюнистҳо ва низ ду ҳадафи аслиро дар шимоли Тел-Авив ҳадаф қарор диҳанд .

Ба гузориши Ирно , дар баёнияи ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин ( Ҳамос ) дар ин бора омадааст : Вокуниши мунҳасир ба фард ва бузурги муҷоҳидини Ҳизбуллоҳ алайҳи чандини ҳадафи ҳаётӣ ва стротежик дар умқи режими саҳюнистӣ ки дар посух ба ҷинояти террори Фуоди Шукр ва ҷиноёт ва таҷовузоти мустамар дар борӣкаи Ғазза ва Лубнон анҷом шудро табрик мегӯем .

Дар ин баёния ҳамчунин таъкид шудааст : Амалиёти Ҳизбиуллоҳ ҳомили ин паёмаст ки тероризм ва ҷиноёти он алайҳи миллатҳои Фаластин ва Лубнон бепосух нахоҳад монад ва режими ишғолгар ба аҳдоф ва барномаҳои таҳоҷумии худ нахоҳад расид .

Ҷунбиши ҷиҳоди исломӣ низ дар баёнияе эълом кард : Ба Ғизбуллоҳ ба хотири ҳамлае ки ба умқи режими ишғолгар анҷом дод ва муваффақияташ дар анҷоми ҳамалоти шуҷоъона ва собит қадам бӯдан дар мавозиъу таҳаққуқи аҳдаш , табрик мегӯем.

Режими саҳюнистӣ аз ҳафтуми актбри 2023 ҳамалоти ваҳшиёнаи худ барои наслкушии мардуми мазлӯми Фаластин дар борикаи Ғаззаро оғоз кард ва таи ин муддат 70 дарсад аз манозилу зерсохтҳои борикаро тахриб ва сокинони онро овора карда аст .