Эрон: Режими ишғолгари саҳюнистӣ монеъи аслии дастёбии ҷаҳони Ислом ба субот аст
(last modified 2024-08-31T10:31:41+00:00 )
Август 31, 2024 15:31 Asia/Dushanbe
  • Эрон: Режими ишғолгари саҳюнистӣ монеъи аслии дастёбии ҷаҳони Ислом ба субот аст

Намояндаи Эрон дар нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷаи Созмони ҳамкории исломӣ гуфт: Режими ишғолгари Исроил монеъи аслии дастёбии ҷаҳони Ислом ва кишварҳои минтақа ба субот ва тавсеаи пойдор аст.

 Панҷоҳумин нишасти ин Шӯро 29 ва 30 августи 2024 дар  пойтахти ҷумҳурии Камерун бо мавзӯъи "Тавсеъаи зерсохтҳои ҳамлу нақл ва иртиботот миёни кишварҳои узв" баргузор шуд.

 Ба гузориши Садои Хуросон, Асадуллоҳ Ишроқи Ҷаҳрумӣ-мудири кулли сулҳ ва амнияти байналмилалии Вазорати умури хориҷаи Эрон, ки дар ин нишаст сарпарастии ҳайати эрониро бар уҳда дошт, бо маҳкумияти шадиди таҷовуз ва ҷиноёти ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза ҳамчунин иқдоми террористии ахири ин режим дар террори шаҳид Исмоил Ҳания-раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос дар Теҳрон, иқдоми қотеъи ҷомеаи байналмилалӣ ва Созмони ҳамкории исломӣ дар таваққуфи фаврии иқдомоти режими Исроил ба унвони намунаи боризи ҷинояти ҷангӣ, ҷиноят алайҳи башарият ва наслкуширо хостор шуд.

 Ҷаҳрумӣ бо ишора ба лузуми таваҷҷуҳ ба решаҳои ноамнӣ ва буҳронофаринӣ дар минтақаи ғарби Осиё, сиёсатҳои давлати нави Ҷумҳурии Исломии Эрон барои тақвияти ҳамгароӣ ва афзоиши ҳамкориҳои минтақаӣ ва иртибот бо ҳамсоягонро табйин кард.

 Вай дар идома бо ишора ба мавқеъяти геополитикии Эрон дар коридорҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ аз ҷумла зарфияти азими бандарҳои тиҷории Ҷумҳурии Исломии Эрон дар баҳри Хазар, халиҷи Форс ва баҳри Уммон, таҳримҳои иқтисодӣ ва ба вежа иқдомоти зӯрмадоронаи якҷонба, ки дар таззод бо усул ва қоъидаҳои ҳуқуқи байналмилал бар теъдоде аз кишварҳо таҳмил шудаастро маҳкум кард.

Мудири кулли сулҳ ва амнияти байналмилалии Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамчунин бар тааҳҳуди халалнопазири Ҷумҳурии Исломии Эрон барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва пешрафти ҷамъии кишварҳои узв таъкид ва омодагии Эрон барои ҳамкорӣ бо соир кишварҳои исломӣ барои пешбурди усул ва аҳдофи муштаракро эълом кард.

 Дар панҷоҳумин нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷаи Созмони ҳамкории исломӣ беш аз сад қатънома дар заминаи мавзӯъоти мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ ва молӣ ба тасвиб расид, ки ду қатънома маҳкумияти ҳамалоти террористии режими саҳюнистӣ ба маконҳои дипломатии Эрон дар Димишқ ва тақвияти ҳамкориҳои чандҷонибаи кишварҳои исломӣ дар ҷуғрофияи ин созмон, ки аз сӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон пешниҳод шуда буд, аз ҷумлаи мусаввабаҳои ин нишаст буд.

 

Барчасп