34 шаҳид ва захмӣ дар ҳамлаҳои ҳавоии режими саҳюнистӣ ба Аннасирот ва Хон Юнус
(last modified 2024-08-31T10:46:25+00:00 )
Август 31, 2024 15:46 Asia/Dushanbe
  • 34 шаҳид ва захмӣ дар ҳамлаҳои ҳавоии режими саҳюнистӣ ба Аннасирот ва Хон Юнус

Дар ҳамлаҳои ҳавоии режими саҳюнистӣ ба урдугоҳи Аннасирот ва шаҳри Хон Юнус камаш 34 фаластинӣ шаҳид ва захмӣ шуданд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Маркази иттилоърасонии Фаластин, артиши ишғолгари Исроил дар идомаи ҷиноёти худ дар борикаи Ғазза ду бинои маскунӣ дар урдугоҳи Аннасирот ва шаҳри Хон Юнус дар марказ ва ҷануби ин борикаро бомбаборон кард.

 Дар пайи ин ҳамалот 9 фаластинӣ дар урдугоҳи Аннасирот ва панҷ нафар дар шаҳри Хон Юнус ба шаҳодат расиданд.

 Ҳамчунин беш аз 20 нафар захмӣ шуданд.

 Хабаргузории Самои Фаластин низ ба нақл аз рӯзномаи саҳюнистии Ядиъут Оҳорнут гузориш дод, як муборизи фаластинӣ шомгоҳи ҷумъа пас аз зер гирифтани нигаҳбони шаҳраки саҳюнистнишини "Карми тсур" вориди ин шаҳрак шуда ва ду саҳюнистро захмӣ кард.

 Ба навиштаи ин рӯзнома , амалиёти тирандозии шаҳраки "Карми тсур" пас аз инфиҷори худрави бомбагузоришуда дар чаҳорроҳи "Гваш итсиун", шаҳраки воқеъ дар шимоли Алхалил, ҷануби Каронаи бохтарӣ анҷом шудааст.

 Расонаҳои Исроил ҳам аз захмӣ шудани камаш шаш саҳюнист дар амалиёт бо силоҳи сард дар гузаргоҳи мисрии "Тобо" хабар доданд.

 

Барчасп