Сентябр 14, 2024 12:27 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши СММ ба мамониати Исроил аз ирсоли кумакҳои башардӯстона ба Ғазза

Дафтари ҳамоҳангкунандаи кумакҳои башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳид эълом кард, ниме аз талошҳои Созмони милал барои ирсоли кумак ба Ғазза аз сӯи режими Исроил масдӯд шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, дафтари ҳамоҳангкунандаи кумакҳои башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳид дар гузорише эълом кард, вазъияти кунунӣ дар Борикаи Ғазза тавоноии Созмони милал барои ироаи кумакҳои башардӯстона ва пизишкӣ ба сокинони ин минтақаро тазъиф кардааст.

Пеш аз ин Итамар Бен-Гвир, вазири амнияти дохилии режими саҳюнистӣ, мамониат аз расидани кумакҳои башардӯстона ба Борикаи Ғаззаро хостор шуда буд.

Гуруҳе аз коршиносони мустақил дар заминаи ҳуқуқи башару намояндагони Созмони милал дар баёнияе, ки ба имзои Майкл Фахрӣ, гузоришгари вижаи ҳаққи ғизои Созмони милал расидааст, “корзори амдии гуруснагӣ”, ки режими Исроил зидди мардуми Фаластин дар Борикаи Ғазза ба роҳандохтаастро маҳкӯм карданд.

Кумитаи “табақабандии амнияти якпорчаи ғизоӣ” (IPC), ки бо Созмони Милали Муттаҳид ҳамкорӣ мекунад, пеш аз ин дар гузорише эълом кард, бо идомаи ҷангу дастрасии маҳдӯд ба кумакҳо, Борикаи Ғазза ҳамчунон дар маърази хатари қаҳтии бузург қарор дорад.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Фаластин низ бо ишора ба инки аксарияти ҷамъияти Борикаи Ғазза бо ҳудӯди 96 дарсад аз ноамнии шадиди ғизоӣ ранҷ мебаранд, аз вахомати авзоъ дар ин минтақа хабар дода буд.

 

Барчасп