Амалиёти мушакии Яман алайҳи Тел Авив; нокомии бузурги падофанди ҳавоии режими саҳюнистӣ
(last modified 2024-09-16T08:01:03+00:00 )
Сентябр 16, 2024 13:01 Asia/Dushanbe
  • Амалиёти мушакии Яман алайҳи Тел Авив; нокомии бузурги падофанди ҳавоии режими саҳюнистӣ

Яманиҳо дар идомаи ҳимоят аз мардуми Ғазза дар муқобили наслкушии режими ишғолгари саҳюнистӣ, Тел Авивро дар ҳоле ҳадаф қарор доданд, ки сомонаҳои падофанди ҳавоии ин режим муваффақ ба раҳгирии мӯшакҳо нашуд.

Манобеи хабарӣ субҳи рӯзи якшанбе аз исобати як фарванди мӯшак ба наздикии Тел Авив ва вуқуъи оташсӯзӣ пас аз он хабар доданд. Сартип Яҳё Сариъ, сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман дар ташреҳи ин амалиёти мушакӣ ва мунҳасир бафард гуфт, ин рӯйдод барои нахустин бор дар таърихи ҷаълии душмани саҳюнистӣ сӯрат гирифт.

Сариъ дар баёнияе эълом кард, ки амалиёти имрӯз алайҳ Тел Авив бо мӯшаки баллистики фаросавтии ҷадид анҷом шуд, ин мӯшак ба ҳадафи худ расид ва сомонаҳои падофандии душман дар раҳгирӣ ва муқобила бо он шикаст хӯрд.

Вай таъкид кард: Ин мӯшак дар муддатзамони 11 дақиқаву 30 сония, масофати 2 ҳазору 40 километриро тай кард, ки ин амр мунҷар ба тарсу ваҳшати саҳюнистҳо шуд, беш аз 2 миллион саҳюнист ба самти паноҳгоҳҳо фирор карданд ва ин рӯйдод барои аввалин бор дар таърихи душмани саҳюнистӣ рух медиҳад.

Бо таваҷҷуҳ ба изҳороти Яҳё Сариъ бояд ба ин нуктаи ишора кард, ки ин амалиёт, тавонмандӣ ва дониши низомии яманиҳоро собит кард, зеро бо вуҷӯди 9 сол ҷангу муҳосира ва ҳамчунин табаоте, ки ҷанги 9 сола ба лиҳози иқтисодӣ ва инсонӣ барои онҳо доштааст, муваффақ шуданд ба технологии сохти мӯшаки баллистики фаросавт даст пайдо кунанд.

Иқдоми Яман ба навъе мувозинаи қудрат дар минтақаи Ғарби Осиёро ба нафъи меҳвари муқовимат тақвият кард.

Нуктаи муҳими дигар дар бораи амалиёти имрӯзи яманиҳо, нотавонии сомонаи падофандии режими саҳюнистӣ ва ҳомиёни он барои раҳгирии ин мӯшак аст. Яманиҳо имрӯз танҳо як мӯшак ба самти Тел Авив шиллик карданд. Ин мӯшак ҳам масофати 2 ҳазору 40 километриро тай кард, бидуни инки мавриди раҳгирӣ қарор гирад. Бар асоси гузориши манобеи маҳаллӣ, ин мӯшак ба хати оҳани Тел Авив - Қудс дар ҳудӯди 6 километрии пойтахти режим бархӯрд кард.

 

Барчасп