Пропагандаи Исроил чигуна афкори умумии ҷаҳонро нисбат ба ҷиноёт дар Ғазза бетафовут мекунад?
(last modified 2024-09-22T09:45:25+00:00 )
Сентябр 22, 2024 14:45 Asia/Dushanbe
  • Пропагандаи Исроил чигуна афкори умумии ҷаҳонро нисбат ба ҷиноёт дар Ғазза бетафовут мекунад?

Порс тудей - Стратегияҳои пропагандаи Исроил бо таъсиргузорӣ бар зеҳнҳо ва эҳсосоти мухотабони ҷаҳонӣ, бо бетафовут кардани онҳо нисбат ба қатли оми фаластиниён, ҳимояти зимнӣ аз сиёсатҳои саркӯбгаронаи режими саҳюнистиро фароҳам мекунанд.

Исроил дар тӯли чанддаҳаи гузашта бо баҳрагирӣ аз як мошини пропагандаи қудратманд, ба шаклдиҳии афкори умумии ҷаҳонӣ пардохта ва бисёре аз воқеиятҳои марбӯт ба ҷиноёташ дар Ғаззаро таҳриф карда ё аз диди мардум пинҳон кардааст. Исроил ҳамчунон бо истифода аз таблиғоти густарда ва стратегияҳои ҳадафманд, муваффақ ба мунҳарифсозии таваҷҷуҳи афкори умумӣ ва тавҷеҳи иқдомоти худ шудааст. Аммо чигуна ин пропаганда амал мекунад ва чӣ тактикҳое барои бетафовут кардани ҷаҳон нисбат ба ҷиноёти Исроил дар Ғазза ба кор меравад? Дар ин матлаб аз Порс тудей нигоҳе ба панҷ маврид андохта шудааст:

1 . Истифодаи густарда аз таблиғоти расонаҳои иҷтимоӣ алайҳи низомиёни фаластинӣ

Исроил аз таблиғоти густарда дар расонаҳои иҷтимоӣ барои шаклдиҳӣ ба афкори умумӣ истифода мекунад. Кампайнҳои таблиғотии Исроил шомили ҳазорон видео ва тасовири графикӣ аст, ки дар платформҳое монанди “X”, Инстгарам ва Фейсбук ва Ютюб мунташир мешаванд. Барои намунаи ин таблиғот бо ҳадафи таҳрики эҳсосоти мухотабон алайҳи низомиёни фаластинӣ, бо тавлиди муназзам ва ҳадафдор муҳтаво дар шабакаҳои иҷтимоӣ, гуруҳҳои низомии фаластиниро ба унвони террористҳои ваҳшӣ муаррифӣ карда ва онҳоро бо гуруҳҳое монанди ДИИШ муқоиса мекунанд. ДИИШ, ки албатта кораш мусулмонкушӣ ва на яҳудикушӣ буд!

2 . Мунҳарифсозӣ аз воқеиятҳои ҳуқуқӣ ва таърихӣ

Яке аз равишҳои аслии пропагандаи Исроил, эҷоди тардид дар бораи воқеиятҳои торихӣ ва ҳуқуқӣ аст. Исроил талош мекунад то бо инкор ё таҳрифи таърих, монанди иддаои сукути фаластиниён дар 1948 бо таъсиси Исроил ва вазъияти сарзаминҳои ишғолӣ, мардумро даргири баҳсҳое бепоён кунад то ба натиҷае қатъӣ нарасанд. Ин тактик боис мешавад, ки афкори умумӣ аз масъӯлиятҳои воқеии Исроил дур бимонанд.

3 . Инсонзудоӣ аз мардуми одии Фаластин ва сохтани тасвире шайтонӣ аз онҳо

Исроил бо инсонзудоӣ аз мардуми одии фаластинӣ ва муаррифии онҳо ба унвони қотилони наҳуфта ва бераҳму таҳдиде барои амнияти ҷаҳонӣ, саъй дар тавҷеҳи иқдомоти маргбори худ дорад. Ин таблиғот ағлаби фаластиниёнро ба унвони афроде нишон медиҳад, ки дар фикри куштани кӯдакони яҳудӣ ҳастанд ва тафаккуроти нафратангез доранд. Ин навъ таблиғот бо пайванд додани ҳаводиси кунунӣ ба мавзӯъоте монанди Ҳолокост, ҳадафи аслии худро эҷоди эҳсоси тарсу нафрат нисбат ба шаҳрвандони одии фаластинӣ қарор медиҳанд.

4 . Тавҷеҳи бомбаборонҳои ҷамъӣ ба унвони дифо аз ватан

Яке аз шиорҳои меҳварии пропагандаи Исроил ин аст, ки тамоми иқдомоти низомиаш танҳо дифо аз худ дар баробари ҳамалоти фаластиниён аст. Ин паём, ки “ чӣ коре дигаре анҷом медодед, агар ракетҳо ба самти мадорису хонаҳои шумо шиллик мешуд?” ба таври густарда тавассути сиёсатмадорони ғарбӣ такрор мешавад то афкори умумиро ба самти ҳимоят аз кушторҳо ва бомбаборонҳои Исроил суқ диҳад.

5 . Инкори иттиҳомоти ҷиноятҳои ҷангӣ ва тағйири баҳс

Исроил ҳаргуна иттиҳом дар хусӯси ҷиноятҳои ҷангӣ, поксозии қавмӣ ва қатли омро бо тағйири баҳс ё инкори фаврӣ рад мекунад. Ба унвони мисол, дар мавориде, ки рӯзноманигорон ё ғайринизомиён тавассути неруҳои исроилӣ кушта мешаванд, ин режими ағлаб иддао мекунад, ки ин иқдомот ғайриамдӣ буда ва дар асари тирандозии иштибоҳӣ рух додаанд. Инҳо танҳо бархе аз равишҳои пропагандаи исроилӣ аст, ки боис шуда то бисёре аз мардуми ҷаҳон, бавижа дар кишварҳои ғарбӣ нисбат ба воқеиятҳои ҷорӣ дар Ғазза дучори ибҳому тардиду натиҷатан бетафовут шаванду дарки дурусте аз ҷиноёти Исроил надошта бошанд.

 

Барчасп