Таҳлил / Дурӯғпардозии саҳюнистҳо дар мавриди омору табаъоти ҷангӣ
(last modified Sat, 26 Oct 2024 06:04:00 GMT )
Октябр 26, 2024 11:04 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил / Дурӯғпардозии саҳюнистҳо дар мавриди омору табаъоти ҷангӣ
    Таҳлил / Дурӯғпардозии саҳюнистҳо дар мавриди омору табаъоти ҷангӣ

Мақомоти режими саҳюнистӣ , омидона ва бадунболи нотавонӣ дар муқобили амалиёти пирӯзмандонаи гурӯҳҳои муқовиматӣ иқдом ба пинҳон кардани воқеиятҳои ҷанг Ғазза мекунанд .

Рақамҳои  мунташир шудаи Вазорати ҷанги режими саҳюнистӣ ки шомили афсарони полис , аъзои ( сервиси амнияти умумӣ )у воҳидҳои захира низ мешавад , нишон медиҳад, ки беш аз 10 ҳазор тан аз неруҳои амниятӣ дар ҷанги Ғаззаи захмӣ шудаанд . Вазорати ҷанги Исроил , низ дар баёнияе,  эълом кард ки аз 7 октябр токунӯн 890 низомӣ , полис ва  узви Шин Бет кушта шуданд . Дар ин баёния омадааст, ки талафоти шомили персонели амниятӣ аст, ки дар Ғазза , манотиқи шимолии Фаластин , ҷануби Лубнон ва Каронаи Бохтарӣ кушта шуданд . 

Режими саҳюнистӣ , ҳамчунин ба сароҳат ба талафоти сангину ҳалокат ва захмӣ шудани теъдоди қобили таваҷҷӯҳӣ аз низомиёнаш дар набардҳои ҷануби Лубнон изъон кард . Дар чанд соъати ахири тақрибани 13 низомии исроилӣ дар ҳамалоту тирандозиҳои неруҳои Ҳизбуллоҳ дар ҷануби Лубнон ба ҳалокати расиданд . Муборизони лубнонӣ дар “ Ayta ash Shab “ мунтазири вуруди низомиён саҳюнист буданд ва пас аз даргириҳое, ки ба муддати чандин соъат тӯл кашид шумори аз онҳоро ба ҳалокат расонданд ва захмӣ карданд .

Низомиёни саҳюнист

Интишори омори ҷадид нишон медиҳад , ки мақомоти режими саҳюнистӣ бовуҷӯди тамоми дуруғпардозиҳо аз ибтидои ҷанги Ғазза дар мавриди ишғолгарӣ ва иқдомоти ҷинояткоронаи артиши ин режим ва пайомадҳои он пинҳонкорӣ кардаанд . Бархилофи иддаоҳои сарони режими саҳюнистӣ , дар мавриди ҷанги Ғазза артиши ишғолгар дар муқобили амалиёти гурӯҳҳои муқовимат ба шиддати осебпазир бӯдааст ба шакле, ки дар шароити феълӣ сукут ва инкори воқеият низ заъфу нотавонии онҳоро пинҳон нахоҳад кард . 

Пас аз амалиёти Туфони Алақсо , ва  муваффақиятҳои рӯзафзуни гурӯҳҳои муқовимати артиши режими саҳюнистӣ низ бо интишори гузориши худ ночор ба эътирофи дар мавриди пайомадҳои ҷанги Ғазза шуд . Бархилофи иддаоҳои мақомоти Тел-Авив дар мавриди ҷанги Ғазза интишори ин омор нишон медиҳад, ки артиши режими саҳюнистӣ , бо вазъияти буҳронии бесобиқае аз назари нерӯҳои низомӣ мувоҷеҳ шудааст .

Аз ибтидои ҷанги Ғазза низ мақомоти саҳюнист , албатта бо ҳимояти густардаи расонаҳои амрикоӣ ва ғарбӣ ба дунболи эҷоди фазои хабарии дурӯғину инкори ҳақоиқи ҷанг буданд . Ин расонаҳо , ду хатти таблиғотии хабариро ҳамзамон дунбол мекарданд . Ибтидои ҳадафи аслӣ , ҷилавгирӣ аз интишори ихборе буд, ки ҷиноёти режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Ғаззаро намоиш медод . Ҳадафи дигари расонаҳои ғарбӣ , худдорӣ аз пӯшиши хабарии муваффақиятҳои амалиётии гурӯҳҳои муқовимат ва осебпазирии артиши режими саҳюнистӣ буд .

Гузориши артиши режими саҳюнистӣ , нишон медиҳад, ки буҳрони дарунӣ дар Тел-Авиви ва  ба артиши ин режим низ сироят кардааст дарҳоле,ки дигар имкони пинҳон кардани ҳақиқат вуҷӯд надорад ва заъфу осебпазирии низомиёни саҳюнист бо идомаи ҷанги Ғазза афзоиш ёфтааст . 

Ихтилофи назари байни низомиёни саҳюнист  ва  аъзои Кабинаи Бинямин Нитанияҳу нахуствазири режими саҳюнистӣ башиддат афзоиш ёфта ва дарзи иттилооти низомӣ ва  эътироф ба он ҳокӣ аз норизоятии густардаи фармондеҳони артиши режими саҳюнистӣ аз шароити бӯҳронии нерӯҳои низомӣ аст .Афзоиши талафоти нерӯҳои артиши режими саҳюнистӣ , дар ҷанги Ғазза ва Лубнон аз пайомадҳои ҷангафрӯзиҳои Тел-Авив дар минтақа бӯдааст, ки имрӯз мақомоти саҳюнистӣ ночор ба эътироф дар мавриди он шудаанд . Натиҷаи идомаи ҷанг ва  густариши он низ барои саҳюнистҳо афзоиши омори талафоти низомӣ ва  заработи ҷуброннопазире ба пойгоҳҳои низомӣ , амниятӣ ва ҷосӯсии ин режим хоҳад буд .

Гурӯҳҳои муборизи фаластинӣ ва муқовимати Лубнон , аз тавоноиҳои худ барои муқобила бо артиши режими саҳюнистӣ ба хубӣ истифода кардаанд .