Ҳалокат ва захмӣ шудани 12 низомии саҳюнист аз сӯи муборизони Фаластин
(last modified Sat, 02 Nov 2024 05:30:18 GMT )
Ноябр 02, 2024 10:30 Asia/Dushanbe
  • Ҳалокат ва захмӣ шудани 12 низомии саҳюнист аз сӯи муборизони Фаластин

Дар ҳамлаи гурдонҳои шаҳид Изуддин Қассом, шохаи низомии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос ) 12 низомии саҳюнист дар урдугоҳи Ҷиболё ба ҳалокат расиданд ва ё захмӣ шуданд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , гурдонҳои шаҳид Изуддин Қассом, шохаи низомии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос ) таъкид кард, ки размандагони ин гурӯҳи муқовиматӣ як манзилро дар минтақаи «Алқасосем» дар урдугоҳи Ҷиболиё, воқеъ дар шимоли борикаи Ғазза, ки 12 низомии ишғолгари саҳюнистӣ дар он махфӣ шуда буданд бо мушак ҳадаф қарор доданд, ки ба ҳалокат ва захмӣ шудани онҳо мунҷар шуд.

 Дар ин ҳамла се низомии саҳюнист дар ҳоли фирор ба самти як танки «Меркава» буданд, ки танки мазкур низ бо як бомб нобуд шуд.

 Нируҳои шохаи низомии Ҳамос дар як амалиёти таркибӣ ҳам як нафарбари артиши ишғолгари Қудсро бо як мушаки «Илёсин 105» мавриди ҳадаф қарор доданд ва нобуд карданд.

 Рӯз чаҳоршанбе ҳам гурдонҳои шаҳид Қассом 4 булдозери артиши режими саҳюнистиро дар урдугоҳи Ҷиболё бо мушак аз байн бурданд.

 

Барчасп