Исроил Катс вазири ҷанги ҷадид Исроил кист ?
(last modified Thu, 07 Nov 2024 11:58:58 GMT )
Ноябр 07, 2024 16:58 Asia/Dushanbe
  • Исроил Катс вазири ҷанги ҷадид Исроил кист ?
    Исроил Катс вазири ҷанги ҷадид Исроил кист ?

Порс Тудей - Бинямин Нитанияҳу нахуствазири режими саҳюнистӣ , шомгоҳи сешанбе  Yoav Gallant-ро аз Вазорати ҷанги ин режим барканор ва « Исроил Катс » Israel Katz-ро ба ҷои ӯ мансӯб кард

«Исроил Катс » мутаваллиди 21 сентябри 1955 дорои мадраки каршиносӣ дар равобити байналмилал ва дар мақтаи каршиносии аршад дар улӯми кишоварзӣ таҳсил кардааст .

Ба гузориши Порс Тудей, ин сиёсатмадории ифротии исроилӣ пеш аз ин ба унвони вазири умӯри хориҷа , вазири дороӣ , вазири нақлиёт , вазири кишоварзӣ ва вазири иттилоот дар дастгоҳи режими Исроил фаъолият доштааст .

Катс бадалели мавзегирии ифротяш дар қиболи фаластиниён ва меҳвари муқовимат дар байни сиёсатмадорони исроилӣ дар дастаи сиёсиёни тундравҳо табақа бандӣ мешавад .

Вай ки ба изҳороти хасмонаи худ алайҳи фаластиниҳо , Эрон ва ҳатто алайҳи Созмони Милал маърӯфаст , аз идомаи шаҳраксозиҳо ҳимоят карда ва бо идеаи ҳали масаълаи Фаластин ҳамвора мухолиф бӯдааст .

«Исроил Катс » дар идомаи мавозеъи ифротии худ дар аввалин изҳори назараш пас аз интисобаш дар самти вазири ҷанг ба ҷой «  Йоаф Галлант » иддао кард ки авлавият , « бозгардондани асирони саҳюнистӣ аз Навори Ғазза ва нобӯдии Ҳамос ва Ҳизбуллоҳи Лубнон аст .