Беш аз 50 ғайрисурӣ дар ҳукумати ҷадид. Оё Сурия таҷзия мешавад?
(last modified Fri, 03 Jan 2025 10:51:19 GMT )
Январ 03, 2025 15:51 Asia/Dushanbe
  • Беш аз 50 ғайрисурӣ дар ҳукумати ҷадид. Оё Сурия таҷзия мешавад?
    Беш аз 50 ғайрисурӣ дар ҳукумати ҷадид. Оё Сурия таҷзия мешавад?

Порс-Тудей. Як расонаи саҳюнистӣ эътироф кард, режими Исроил ба дунболи он аст, ки бо тақсими Сурия ба чанд минтақа, раванди тавсеаталабии Туркияро дар Ғарби Осиё маҳор ва манофеи худро дар минтақа бароварда кунад.

Рӯзномаи саҳюнистии “Едиот Аҳронот” эълом кард, сулҳи сохтагии шаклгирифта дар Сурияи ҷадид, ки баъд аз сарнагунии ҳукумати Башор Асад ба вуҷуд омада, бисёр нигаронкунанда аст. Ба гузориши “Порс-Тудей”, аксари таҳлилгарон ҳам бар ин бовар ҳастанд, ки ба зудӣ Сурия ба пойгоҳе барои террористҳо табдил хоҳад шуд.

Ин рӯзномаи саҳюнистӣ муътақид аст, изҳороти Абумуҳаммад Ал-Ҷулонӣ, саркардаи муоризони мусаллаҳ дар Сурия, ки ҳар лаҳза шакл иваз мекунад ва аз юниформи низомӣ ба тадриҷ ба фарде куту шалвору курувотпӯш табдил шуда, дар робита бо ҷаҳон ва албатта, дар қиболи Исроилро набояд чандон ҷиддӣ гирифт.

Аз сӯи дигар Абдурраҳим Ансорӣ, таҳлилгари масоили сиёсӣ низ Сурияи кунуниро як кишвари комилан ишғолшуда тавсиф кардааст.

Ансорӣ дар шабакаи иҷтимоии “Х” дар посух ба ин суол, ки оё Сурия ишғол мешавад ё хайр? навишт: «Сурия ҳамин ҳоло ҳам ишғол аст. Раҳбари шӯришиёни мусаллат бар давлати ин кишвар маълум нест сурӣ бошад».

Ин таҳлилгар афзуд: “Беш аз 50 ғайрисурӣ дар ҳукумати ҷадиди ин кишвар мансуб шудаанд, ки баъзеҳояшон ҳатто арабӣ балад нестанд. Чунин низоме давом нахоҳад овард”.

Ҳусайн Ҳоҷӣ, дигар коршиноси масоили Ғарби Осиё ҳам муътақид аст: Вазъияти Сурия бисёр шикананда асту буҳронҳои ҳоли ҳозири Сурия ба қадрест, ки хеле аз сиёсиюнро дучори саргардонӣ кардааст.

Ба гуфтаи вай, беш аз 40 гуруҳ, ки ҳама лақаби мусаллаҳини сиёсӣ доранд, дар Сурия ба дунболи саҳмхоҳӣ ҳастанд ва ин иттифоқе дугона аст.

Сайфурризо Шаҳобӣ, коршиноси масоили сиёсӣ ҳам дар ин бора таъкид кард, яке аз стратегияҳои Амрико ва Исроил таҷзия кардани кишварҳои арабӣ ва исломӣ аст ва дар ҳоли ҳозир беҳтарин мавқеият барои таҷзия кардани Сурия барои Вашингтону Тел-Авив фароҳам шудааст.