Коршиноси саҳюнист: Исроил аз дарун мурда аст
-
Коршиноси саҳюнист: Исроил аз дарун мурда аст
Порс-Тудей. Коршиноси саҳюнисти масоили Ғарби Осиё дар шабакаи иҷтимоии “Икс” ба воковии далоили шикасти Исроил аз муқовимат пардохт.
Овери Гулдберг, коршиноси саҳюнисти масоили Ғарби Осиё дар твитте навишт: Натанёҳу наметавонад ба марҳалаи дувуми мубодилаи асирон мутааҳҳид шавад, магар ин ки Ҳамос ҳазф шавад.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, Гулдберг афзуд: Нотавонӣ дар тааҳҳуд ба зиндагӣ нишондиҳандаи пазириши мутлақи марг аст. Натанёҳу монанди аксари исроилиҳои дигар, саҳлангорона амал мекунад ва аҳамияти кофӣ намедиҳад. Исроил аз дарун мурда аст. Ба ҳамин далел бохтем.
Режими саҳюнистӣ бо ҳимояти Амрико аз ҳафтуми октябри соли 2023 то 19 январи соли 2025 ҷанги вайронгареро зидди сокинони борикаи Ғазза ба роҳ андохт, ки бар асари он вайрониҳои азиму қаҳтии маргбор ба вуҷуд омад.
Бо вуҷуди ҳамаи ин ҷиноятҳо, режими саҳюнистӣ эътироф кард, ки пас аз 470 рӯзи ҷанг зидди сокинони Ғазза, натавонист ба аҳдофи худ аз ин ҷанг, яъне нобудии ҷунбиши Ҳамос ва бозгардонидани асирони саҳюнист аз борикаи Ғазза даст ёбад ва саранҷом тавофуқи оташбас байни Ҳамосу режими саҳюнистӣ аз рӯзи 19 январи соли 2025 иҷро шуд.