Ҳамос аз чӣ тавонмандиҳое барои бозсозӣ бархӯрдораст ?
-
Ҳамос аз чӣ тавонмандиҳое барои бозсозӣ бархӯрдораст ?
Порс тудей - Манобеи саҳюнистӣ дар идомаи раванди изъон ба тавоноии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин ( Ҳамос ) дар бозсозии худ , бори дигар эълом карданд, ки аз ин тавоноӣ шигифтзада шудаанд .
Режими саҳюнистӣ беш аз 15 моҳи ҷанг бар Борикаи Ғазза таҳмил кард , тайи ин муддат ин режими наслкушӣ бесобиқаеро алайҳи мардуми Ғаззаи муртакиб шуд . Илова бар ин зерсохтҳои Ғаззаро ба таври комил нобӯд кард . Ба гузориши Порси тудей , яке аз муҳимтарин аҳдофи режими саҳюнистӣ аз оғози ҷанги алайҳи Ғазза ва иртикоби наслкушӣ , аз байн бурдани Ғамос буд .
Акнӯн дар ҳоле, ки ҳудӯди се ҳафта аз оташбаси миёни режими саҳюнистӣ ва Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин мегузарад нишонаҳои тавонмандии Ғамос барои эҳёи мавқеъияти худ дар Борикаи Ғазза бештар ошкор мешавад ба наҳве, ки расонаҳо ва шахсиятҳои мухталифи саҳюнистӣ маҷбур ба изъони ин тавонмандии Ғамос шудаанд.
Алмуг Букр , хабарнигори саҳюнист дар изҳоротӣ гуфт : Диданм ин масъала, ки Ҳамос чигуна тавонист дар 72 соъат худашро бозсозӣ кунаду кантроли навори Ғаззаро ба даст бигирад , шигифтовараст . Ба назар мерасад замони он расидааст, ки достонсарои барои худамонро мутаваққиф кунем , Ҳамос сайтараи комил бар навори Ғазза дорад .
Ҳамчунин Мушия Фезлуб , пажӯҳишгар дар андешкдаи амниятӣ « Масҷоф » ва афсари аршади пешини Шобок дар ин росто гуфт : « Ҳар кас иддао кунад, ки бар ҳамоси пирӯз шуда , мутаваҳҳимаст » .Amir Avivi, женероли бознишастаи артиши саҳюнистӣ низ изъон кард ки « мо дар вазъиятӣ ҳастем, ки раванди бозсозии қудрати Ҳамос аз раванди нобӯдии он тавассути артиши саҳюнистии сабқат гирифтааст » .
Пеш аз ин низ рӯзномаи саҳюнистӣ дар гузорише таъкид кард, ки саҳнаҳои мушоҳида шуда аз режаҳои низомии Ҳамос дар ҷараёни табодули асирон ҷои ҳеҷ шаккиро боқӣ намегузорад ки пас аз 15 моҳи ҷанги ҷунбиши Ҳамос ҳамчунон қудрати таъсиргузор дар борикаи Ғазза маҳсӯб мешавад . Рӯзномаи Yedioth Ahronoth ба нақл аз мақомоти ғарбӣ изъон кард ки : « Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин ( Ҳамос ) тавонистааст бештари зарфияти худро барои мудирияти авзоъ дар бахшҳое аз навори Ғазза эҳё кунад » .
Суоли муҳим инаст, ки Ҷунбиши Ҳамос аз чӣ тавонмандиҳоӣ барои бозсозии худ бархӯрдор аст ? Дар посух ба ин суол бояд дар ибтидо ба пуштвонаи мардумии Ҳамос ишора кард, ки ин пуштвонаи пас аз барқарории оташбас ва истиқболи густардаи мардум ошкор шуд . Ин пуштвонаи мардумӣ сабаб шуд, ки Ҷунбиш Ҳамос битавонад узвгирии ҷадидӣ анҷом диҳаду чолиши инсонии худро хеле зуд бартараф кунад . Тавонмандии муҳими дигари вуҷӯди раҳбароне дар сохтори қудратии Ҳамос аст, ки сабаб мешавад аз даст додани фармондекҳони ин ҷунбиш ба чашм наёяд . Муҳаммад Синвор яке аз ин раҳбароне аст, ки пас аз шаҳодати бародараш Яҳё Синвор нақши муҳимме дар сохтори низомии Ҳамос аз ҷумлаи узвгирии ҷадид ифо кард .
The Wall Street Journal дар гузорише эълом кард, ки Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин ( Ҳамос ) дар ҳоли бозсозии қудрати худаст ва бо вуҷӯди ҳамалоти густардаи режими саҳюнистӣ , тавониста неруҳои ҷадидӣ ҷазб кунад . Ин гузориш ба нақши “ Муҳаммади Синвор“ , бародари кучактари “ Яҳё Синвор “ ( ки дар октябри 2024 ба шаҳодат расид ) , дар раҳбарии ин фароянд ишора кардааст . Тавонмандии муҳими дигар низ қудрату зарфияти Ҳамос барои идораи умӯр дар борикаи Ғазза аст ба наҳвӣ ки ҳеҷ як аз гурӯҳҳои дигари фаластинӣ аз чунин тавонмандии бархӯрдор нест .
Дар ҳамин росто , манобеи хабарӣ гузориш доданд Ҳамоси муваффақ шудааст гурӯҳҳои табаҳкорро ки ба корвонҳои кумакрасонӣ ҳамла мекарданд , аз байн бибарад ва сориқонеро ки дар баробари дидагони низомиёни исроилӣ ва бидӯни дахолати онҳо кумакҳоро ғорат мекарданд , саркӯб кунад . Ин тавонмандиҳо ва ҳамчунин дигар имтиёзоте ки Ҷунбиши Ҳамос аз он бархӯрдораст сабаб мешавад, ки режими саҳюнистӣ дар рӯзҳо ва моҳҳои оянда низ шоҳиди шигифтонаҳои дигарӣ аз сӯй Ҳамос бошад .