Исроил бидуни Амрико ҳеҷ аст: Эрон чи гуна ин вобастагиро ба чолиш кашид?
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i120970
Коршиноси равобити байналмилали донишгоҳи Ҳайфа гуфт: Исроил бидуни ҳимояти Амрико наметавонад коре анҷом диҳад.
(last modified 2025-07-14T06:54:35+00:00 )
Июл 14, 2025 09:49 Asia/Dushanbe
  • Исроил бидуни Амрико ҳеҷ аст; Эрон чи гуна ин вобастагиро ба чолиш кашид?
    Исроил бидуни Амрико ҳеҷ аст; Эрон чи гуна ин вобастагиро ба чолиш кашид?

Коршиноси равобити байналмилали донишгоҳи Ҳайфа гуфт: Исроил бидуни ҳимояти Амрико наметавонад коре анҷом диҳад.

Вақте аз Бенҷомин Mиллер, коршиноси равобити байналмилали донишгоҳи Ҳайфа суол шуд, ки оё Исроил метавонад бидуни ҳимояти Амрико коре анҷом диҳад, ӯ дар як калима гуфт: «На!»

Ба гузориши Порс-Тудей, бо вуҷуди бартарии низомӣ, ки Амрико тайи даҳаҳо барои Исроил фароҳам карда, ҷангҳое, ки режим аз октябри 2023 анҷом дода, шиканандагӣ ва аҷзи он дар таҳаққуқи аҳдофашро ошкор кард. Исроил аз замони таъсис агарчӣ бо такя бар бартарии низомӣ ва ҳимояти Амрико нуфузе барои худ дар минтақа даступо карда, аммо ин нуфуз маҳдуд ба масоили амниятӣ будааст.  

«Тӯфони Алақсо», ҷанги Ғазза, рӯёрӯӣ бо Ҳизбуллоҳ, ба вижа ҷанг бо Эрон нишон дод, Исроил як рӯз наметавонад ба худ муттакӣ бошад ва иддаоҳои Натанёҳу дар бораи табдил шудани Исроил ба  қудрати минтақа бо мавонеи сохторӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ аст, ки фаротар аз тавоноиҳои низомии он аст. Натанёҳу пас аз ҷанг бо Эрон муддаӣ шуда буд, Исроил дар радифи қудратҳои бузург қарор гирифтааст. Дар посух ба ин иддао фақат ин изҳороти Трампро ёдовар мешавем, ки пас аз таваққуфи ҷанг бо Эрон гуфта буд: Mо Исроилро аз ҷанг бо Эрон наҷот додем.

Исроил ва орзӯи "Гегемонияи минтақаӣ"

"Гегемонияи минтақаӣ" - истилоҳе аст, ки барои тавсифи кишваре ба кор меравад, ки тавоноии нуфуз дар минтақаи ҷуғрофиёии хосеро дорад. Дар таърифи дигар аз “Гегемонияи минтақаӣ” гуфта шудааст, «кишваре, ки ба як минтақаи ҷуғрофиёии хосе тааллуқ ва аз назари иқтисодӣ ва низомӣ бар ин минтақа тасаллут дорад ва қодир ба эъмоли “Гегемонияи минтақаӣ” дар он ва дар сатҳи ҷаҳонӣ аст».

Стефан Волт, назарияпардози барҷастаи равобити байналмилал мегӯяд, қудратҳои минтақаӣ дар муқоиса бо ҳамсоягони худ чунон қудратманд ҳастанд, ки бо ҳеҷ таҳдиди амниятӣ мувоҷеҳ нестанд ва нигароние бобати зуҳури рақиби воқеӣ дар ҳеҷ замоне надоранд. Вай дар идома таъкид мекунад, Исроил дорои ҳеҷ як аз ин стандартҳо нест ва дар ин бора ба Яману ҷунбиши Ҳамос дар навори Ғазза ишора мекунад, ки бо вуҷуди тақрибан ду соли ҷангу вайрониҳои густарда, чӣ тавр ба роҳатӣ Исроилро ба чолиш мекашанд.

Муҳимтарин нишонаҳои нотавонии Исроил

Исроил бидуни Амрико ҳеҷ аст; Эрон чи гуна ин вобастагиро ба чолиш кашид?

 

Боризтарин шавоҳид мабнӣ бар инки Исроил ҳеҷгоҳ "Гегемонияи минтақаӣ" нахоҳад шуд, балки як режими вобаста боқӣ хоҳад монад, иборатанд аз:

Маҳдудиятҳои низомӣ

Ҳазинаҳои низомии Исроил дар соли 2024 ба далели ҷангҳое, ки анҷом дода, 65 дарсад афзоиш ёфт ва ба 46. 5 миллиард доллар расид, ин болотарин ҳазинаи низомии режим аз замони ҷанги шашрӯзаи 1967 аст. Бо вуҷуди ин ҳазинаҳои физоянда, ҳамалоти Исроил ба Ғазза, Лубнон ва Эрон ҳатто натавониста Ҳамосро тазъиф кунад ва ин ҷунбиш ҳамчунон ба мубориза бо режим идома медиҳад. Нашрияи "Mодерн дипломатия" дар гузорише таъкид мекунад, ҳамалоти июни 2025 -и Исроил бо вуҷуди ҳамаи иддаоҳои Натанёҳу натавонист Барномаи ҳастаии Эронро мутаваққиф кунад. Докторинаи низомии Исроил, ки бар се лояи асосии боздорандагӣ, ҳушдор ва пирӯзӣ бино шуда, бинобар эътирофи Mуассисаи мутолеотии амнияти қавмии Исроил дар 7 октябри 2023 шикаст хурд.

Сохтмони тахрибшуда дар сарзаминҳои ишғолӣ бар асари исобати мушакҳои Эрон

 

Иттико ба Амрико

Бо вуҷуди  иддаои Натанёҳу, Исроил дар қудрати низомӣ комилан вобаста ба Амрико ва Aврупост. “Форин полиси” гузориш медиҳад, Исроил ҳамаи пешрафтҳояш, ба вижа дар ҳавзаи фанновариҳои низомиро мадюни Амрикост. Вақте аз Бенҷомин Mиллер, коршиноси равобити байналмилали донишгоҳи Ҳайфа суол шуд, ки оё Исроил метавонад бидуни ҳимояти Амрико коре анҷом диҳад, ӯ дар як калима гуфт: «На!»

Исроил солона 3. 8 миллиард доллар кумаки низомӣ аз Амрико дарёфт мекунад ва дар саҳнаи байналмилалӣ, аз ҷумла Cозмони Mилал, аз ҳимоятҳои зиёд бархӯрдор аст. Миллер дар ин бора мегӯяд: Қатъи ҳимояти таслеҳотии Амрико, Исроилро бо мушкилоти бузурге мувоҷеҳ хоҳад кард».

Исроил бидуни Амрико ҳеҷ аст; Эрон чи гуна ин вобастагиро ба чолиш кашид ?

 

Фуқдони машруияти минтақаӣ

Волт мегӯяд, Исроил ба далели ишғоли Каронаи бохтарӣ ва Қудс, ҷанги Ғазза ва наслкушии фаластиниҳо, режими ишғолгар ва саркӯбгар дар дунё муаррифӣ шудааст. Ба гуфтаи «Mодерн дипломатия» ҳатто кишварҳое, ки бо Исроил равобити дипломатӣ доранд, ин равобитро ба далоили хос ва таҳти фишори Ғарб, на ба хотири “Гегемонияи Исроил” барқарор кардаанд.