Фоҷеаи зистмуҳитӣ ва беҳдоштӣ дар Ғазза бар асари ҳамалоти режими саҳюнистӣ
-
Фоҷеаи зистмуҳитӣ ва беҳдоштӣ дар Ғазза бар асари ҳамалоти режими саҳюнистӣ
Порс-Тудей. Дар пайи ҳамалоти беамони режими саҳюнистӣ ба Ғазза, ин борика бо буҳроне бесобиқа дар ҳавзаҳои зистмуҳитӣ ва беҳдоштӣ мувоҷеҳ шудааст.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, Алоуддин Албатта, шаҳрдори Хон Юнус эълом кардааст, ки беш аз 90 дарсади пӯшиши гиёҳии Ғазза нобуд шуда ва ин тахриби густарда на тасодуфӣ, балки бахше аз тарҳе ҳадафманд барои аз байн бурдани мазоҳири зиндагӣ дар ин минтақа аз сӯи режими Исроил аст.
Албатта гуфт, ки зерсохтҳои ҳаётӣ, аз ҷумла масирҳои дастрасӣ ба маҳалҳои дафни зубола ба шиддат осеб дидаанд ва неруҳои имдодӣ бо мушкилоти ҷиддӣ дар мудирияти пасмонду ҳифзи беҳдошти умумӣ рӯ ба рӯ ҳастанд.
Идомаи муҳосира ва мамониат аз вуруди таҷҳизоти поксозӣ, имкони тармими муҳити зистро дар Ғазза аз байн бурдаву хатари шуюи бемориҳоро афзоиш додааст.
Бар асоси гузориши Созмони ғизо ва кишоварзии Милали Муттаҳид (ФАО), 87 дарсад аз арозии кишоварзии Ғазза дар ду соли гузашта тахриб шудаанд, ин рақам ба маънои фурӯпошии комили тавлиди ғизо дар минтақае аст, ки пеш аз ҷанг, кишоварзӣ манбаи аслии даромади беш аз ним миллион нафар буд.
Тасовири моҳвораӣ аз Ғазза нишон медиҳад, ки мазореъ, чоҳҳои об, гулхонаҳову дарахтони зайтун ба таври комил нобуд шудаанд ва танҳо 600 ҳектор аз арозии кишоварзии ин борика ҳамчунон қобили истифода аст.
ФАО ҳушдор додааст, ки тахриби зерсохтҳои обёрӣ ва тавлид, зарфияти Ғазза дар таъмини ғизо ва нигаҳдории домро ба шиддат коҳиш додаву буҳрони ноамнии ғизоиро ташдид кардааст.
Дар ҳамин росто, Созмони Милал таъкид кардааст, ки ин буҳрон сирфан иқтисодӣ нест, балки таҳдиде мустақим барои саломат, амнияти ғизоӣ ва ҳаёти ҳазорон инсон (фаластинӣ) дар Ғазза аст.