Ифшои иттилооти 50 халабони Исроил тавассути Ҳанзала
-
Гуруҳи сойберии Ҳанзала
“Порс-Тудей”. Гуруҳи сойберии Ҳанзала иттилооти комили 50 афсари аршади шоғил дар неруи ҳавоии режими саҳюнистиро ифшо кард.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, ба нақл аз Хабаргузории садо ва симо, гуруҳи сойберии Ҳанзала дар посух ба ҷиноёти ваҳшиёнаи мудовими режими ишғолгар, барои нахустин бор иттилооти комили 50 афсари аршади шоғил дар неруи ҳавоии режими саҳюнистӣ, ки мустақиман дар бомбаборони ғайринизомиёни бегуноҳу ҷанг алайҳи муқовимат нақш дорандро ифшо кард.
Ин лист шомили номи комил, шумораи шиносоӣ, симат, шумораи тамос, адрес, аксу мушаххасоти шуғлии ин афсарон, аз ҷумла халабонони ҷангандаҳои F - 16 ва F - 35, фармондеҳони амалиёти паҳподӣ, текнисянҳои аршади таъмиру нигаҳдории ҳавопаймоҳову мақомоти тарроҳи ҳамалоти ҳавоӣ аст.