Иморот 15 ҳазор покистониро ихроҷ кард
-
Иморот 15 ҳазор покистонии шиаро ихроҷ кард.
Порс-Тудей. Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳазорон шаҳрванди шиаи покистониро ихроҷ кард.
Ба гузориши Порс-Тудей, ба нақл аз хабаргузории Шабистон, Иморот Муттаҳидаи Арабӣ ҳазорон шаҳрванди покистониро пас аз бекор кардани раводид, маҷбур ба баргаштан ба кишварашон кард.
Ин амал танҳо ба ихроҷи ин афрод маҳдуд намешавад, балки Иморот тамоми молу дороии онҳоро, ҳисоби бонкӣ ва сарватҳое ки онҳо дар тӯли солҳои заҳмату кор ба даст оварда буданд, масдуд карда, онҳоро бо дасти холӣ ба Покистон баргардонид.
Дар ҳамин ҳол, Сурбҳа Гупта, сардабири бахши Ҷанубу Шарқи Осиё дар маҷаллаи «Ню Лайнс» дар ин бора гуфт: Иморот дар ин амал 15 ҳазор покистониеро, ки ин кишварро дар тӯли ду даҳа манзили худ медонистанд, ихроҷ кардааст.
Вай афзуд: Бисёри ин афрод, ки ихроҷ шудаанд, дар орзуи доштани коре мувофиқ бо Иморот рафта буданд ва бидуни сабаб аз ин кишвар ронда шуданд. Бисёре аз ин одамон ба ман гуфтанд, ки онҳоро ба боздоштгоҳ бурда, бе он ки ҳуҷҷатҳои шахсиятии онҳоро диҳанд, бо ҳавопаймо ба Покистон баргардониданд. Онҳо ҳамчунин гуфтанд, ки ҳисоби бонкии онҳо бо Иморот масдуд шудааст.