Бозтоби густурдаи маросими ташйиъи Раҳбари шаҳиди Эрон дар ғарби Осиё
-
Бозтоби густурдаи маросими ташйиъи Раҳбари шаҳиди Эрон дар ғарби Осиё
Порс Тудей — Маросими ташйиъ ва бузургдошти Раҳбари шаҳиди Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳазрати оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ, бо бозтоби густурда ва пӯшиши зиндаи расонаҳои кишварҳои ғарби Осиё ҳамроҳ шудааст.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, расонаҳои минтақа ва ҷаҳон бавижа расонаҳои кишварҳои арабӣ бо тамаркуз бар ахбори маросими видоъ бо пайкари Раҳбари шаҳиди Эрон ба пӯшиши ҳузури густурдаи мардум дар ин маросим пардохтанд.
«Ташйиъи қарн»
Рӯзномаи лубнонии «Ал-Ахбор» бо интихоби титре мутафовит барои маросими видоъ бо Раҳбари шаҳиди Инқилоб ва ҳузури мақомоти аршади кишварҳои ҷаҳон, аз ин рӯйдод бо унвони «Ташйиъи қарн» ёд кард.
Пайкари мутаҳҳари ҳазрати Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ (ризвонулоҳи таъоло алайҳ) ва хонаводаи шаҳиди эшон, субҳи рӯзи ҷумъа вориди шабистони Мусаллои Имом Хумайнӣ (р)-и Теҳрон шуд ва дар ҷойгоҳи вижа қарор гирифт.
Маросими видоъ, титри яки расонаи саудӣии «Аш-Шарқ-ул-Авсат»
Рӯзномаи саудии «Аш-Шарқ-ул-Авсат» титри яки худро ба хабари ҳузури Дмитрий Медведев, муовини Шӯрои амнияти Русия ва Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон дар маросими видоъ бо Раҳбари шаҳид ихтисос дод.
«Аш-Шарқ-ул-Авсат» навишт: Пас аз истиқрори пайкарҳои мутаҳҳар, маросими адои эҳтироми меҳмонон ва масъулони хориҷӣ оғоз шуд ва ҳайатҳои мухталиф бо ҳузур дар маҳалли баргузории маросим, ба Раҳбари шаҳиди Инқилоб ва шуҳадои ҳамроҳ адои эҳтиром карданд, ки ҳайате аз Арабистон низ дар ин маросим ширкат карда буд.