Financial Times: Ташиъи раҳбари шаҳиди Эрон аз бузургтарин маросимҳои таъирихи муъосир аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125104-financial_times_Ташиъи_раҳбари_шаҳиди_Эрон_аз_бузургтарин_маросимҳои_таъирихи_муъосир_аст
Порс Тудей- ҳузури миллионии мардуми Эрон дар маросими ташиъи пайкари мутаҳҳари оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ, раҳбари шаҳиди инқилоби исломӣ бозтоби густардаи дар расонаҳои ҷаҳон дошт.
(last modified 2026-07-07T09:47:28+00:00 )
Июл 07, 2026 14:45 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури миллионии мардум дар маросими ташиъи раҳбари шаҳиди инқилоби исломӣ дар Теҳрон
    Ҳузури миллионии мардум дар маросими ташиъи раҳбари шаҳиди инқилоби исломӣ дар Теҳрон

Порс Тудей- ҳузури миллионии мардуми Эрон дар маросими ташиъи пайкари мутаҳҳари оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ, раҳбари шаҳиди инқилоби исломӣ бозтоби густардаи дар расонаҳои ҷаҳон дошт.

Ба гузориши Порс Тудей расонаҳои байналмилали бо пушиши густардаи маросими видоъ бо раҳбари шаҳиди Эрон аз ҳузури пуршумори ҷамъият, бозтоби тасовири ҳавоӣ ва арзёбии абъоди сиёсӣ ва дипломотики ин руйдод гузориш доданд.

Financial Times навишт: Маросими ташиъи пайкари оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ, раҳбари пешини Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Теҳрон бо ҳузури миллионии мардум баргузор шуд ва аз назари ҳаҷми ҷамъият дар зумраи бузургтарин маросимҳои ташиъи таърихи муъосир қарор гирифта аст.

Гордиянҳам дар ин замина хотирнишон кард: Ин ташиъ нишон дод Эрон барои мардум як хати сурхи бузург аст.

Шабакаи Алғадири Ироқ навишт: Маросими ташиъи раҳбари шаҳиди эхрон як рефрондоми бузург буд.

Дар идома титрҳои расонаҳои байналмилалиро дар ин замина мебинед:

France24: Дарёи азими ҷамъияти сувгворон барои маросими ташиъи пайкар ва адои эҳтиром ба раҳбари шаҳиди Эрон ба хиёбонҳо омаданд.

CNN: Эрониён дар маросими ташиъи раҳбари шаҳиди инқилоб хостори интиқом шуданд.

Russia Today: Теҳрон дар рузи ташиъ, ҷои сузан андохтан набуд.

Шветсия Ҳеролд, расонаи Шветсияи: Дарёи аз мардум дар маросими ташиъи раҳбари шаҳиди Эрон дар Теҳрон шикар карданд.

Шабакаи CCTV Чин: Маросими ташиъи раҳбари шаҳиди Эрон бо ҳузури миллионии мардуми Эрон дар Теҳрон баргузор шуд.

Reuters: Лузуми инқтиқом аз сарони Амрико ва Исроил меҳвари шиъорҳои таҷамуъи миллионии мардуми Эрон буд.