Ҳамалоти ҳавоӣ ва тӯпхонаии режими саҳюнистӣ ба ҷануби Лубнон
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i125310-Ҳамалоти_ҳавоӣ_ва_тӯпхонаии_режими_саҳюнистӣ_ба_ҷануби_Лубнон
Порс Тудей - Манобеи хабарӣ аз ҳамалоти ҳавоӣ ва тӯпхонаии режими саҳюнистӣ ба шаҳракҳои Ал Мансурӣ ва Бурҷ ал Шимолӣ ва нуқоти дигаре дар ҷануби Лубнон хабар доданд.
(last modified 2026-08-06T09:32:26+00:00 )
Август 06, 2026 13:24 Asia/Dushanbe
  • Ҳамалоти ҳавоӣ ва тӯпхонаии режими саҳюнистӣ ба ҷануби Лубнон

Порс Тудей - Манобеи хабарӣ аз ҳамалоти ҳавоӣ ва тӯпхонаии режими саҳюнистӣ ба шаҳракҳои Ал Мансурӣ ва Бурҷ ал Шимолӣ ва нуқоти дигаре дар ҷануби Лубнон хабар доданд.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, артиши ишғолгари саҳюнистӣ бомдоди панҷшанбе мавҷи ҷадиде аз ҳамалоти ҳавоӣ ва тӯпхонаиро ба манотиқи мухталифи ҷануби Лубнон оғоз карду шаҳракҳои Ал Мансурӣ, Бурҷ ал Шамолӣ, Ҳадосо ва атрофи иртифооти Алӣ Алтоҳирро ҳадаф қарор дод.

Бар асоси гузоришҳои майдонӣ, ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ шаҳраки Ал Мансуриро бомбаборон карданду ҳамзамони тӯпхонаи ин режим бо гулӯлаборон ва иҷрои оташи сангин, ҳамалоти худро ба ин минтақа аз сар гирифт.

Дар ҳамини ҳол, шаҳраки Бурҷ ал Шамолӣ ҳадафи чандин ҳамла қарор гирифт. Манобеи маҳаллӣ эълом карданд паҳподҳои режими саҳюн дар се навбат минтақае дар ин шаҳракро ҳадаф қарор доданд ва сипас ҷангандаҳои ин режими ҳамлаи дигареро анҷом доданд. Дар яке аз ин ҳамалот, як манзили маскӯнӣ пас аз чаҳор навбат ҳамлаи паҳподӣ, бори дигар тавассути ҷангандаҳои саҳюнистӣ бомбаборон шуд.

Дар пайи ин ҳамалот, бар асоси омори аввалия, дастикам се нафар захмӣ шуданд. Ҳамзамон мавҷе аз оворагӣ ва хурӯҷи сокинон гузориш шудааст.

Дар меҳварҳои дигари ҷануби Лубнон низ тӯпхонаи режими ишғолгар атрофи иртифооти Алӣ ал Тоҳирро гулӯлаборон карду минтақаи ҷангалии ин иртифоот бори дигар ҳадафи оташи тӯпхона қарор гирифт.