Идомаи иқдомоти Созмони милал дар сарпӯш гузоштан бар ҷиноёти Исроилу ҳокимони араб
(last modified 2017-01-26T10:59:54+00:00 )
Январ 26, 2017 15:59 Asia/Dushanbe
  • Идомаи иқдомоти Созмони милал дар сарпӯш гузоштан бар ҷиноёти Исроилу ҳокимони араб

Исроил, Арабистон ва Баҳрайн бо эъмоли фишор бар Созмони милал, аз интишори гузориши Кумитаи иқтисодӣ ва иҷтимоии ин созмон дар ғарби Осиё (ESCWA) ҷилавгирӣ карданд.

Шабакаи телевизионии лубнонии "Алмаёдин", ки ба нусхае аз гузориши ESCWA даст ёфтааст, рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, ESCWA дар гузорише таҳти унвони "зулму адл дар ҷаҳони араб" ба зулм дар ҳаққи баъзе аз миллатҳо дар Ховари миёна ишора ва аз Фаластин ба унвони намунаи аслӣ дар ин бора зикр мекунад .

 Бар асоси гузориши ESCWA, Исроил 531 рустои фаластиниро дар авохири даҳаи 1950, яъне дар солҳои оғозини мавҷудияташ тахриб кардааст. ESCWA эълом кард, ки нухбагони ҳоким бар ҷомеаҳои арабӣ низ ба далели адами машруияташон дар ҳолате аз нигаронӣ ба сар мебаранд, масъалае, ки боиси ташдиди саркӯбгариҳои онон шудааст.

Ин гузориш меафзояд, ки шӯрҳое монанди Имороту Баҳрайн тобеияти шаҳрвандони худашонро бекор мекунанд, ки ин иқдом нақзи Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар аст .

 Сукути ниҳодҳои мухталифи Созмони милал дар баробари режими саҳюнистӣ ва ҳокимони араб тамомӣ надораду ҳамин мавзӯъ ин режимҳоро дар ҷиноёташон дар минтақа густохтар кардааст. Ҷаҳониён ҳанӯз ҳаракатҳои бепарвоёнаи Созмони милал дар баробари режими саҳюнистӣ ва Арабистонро ба ёд доранд, ки чӣ гуна Созмони милал ҷиноёти ин режимҳо алайҳи кӯдаконро нодида гирифтааст. Дар ҳоле ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчунон аз хушунатҳо, ба вижа алайҳи кӯдакон дар арсаи ҷаҳонӣ мутаассир аст, он теъдод режимҳое, ки ба ин кор таъкид доранд, ба вижа режими саҳюнистӣ ва Оли Сауд, дар сояи сукуту баъзан "ҳимоятҳои муддаиёни ҳуқуқи башар" ва низ бепарвоии Созмони милал, ба хушунатҳои худ дар ин замина идома медиҳанд ва абъоди ҳавлноктаре ба иқдомоти хушунатбори худ додаанд.

Гуфтанӣ аст, ки режими саҳюнистӣ дар ҷиноёт алайҳи кӯдакон рутбаи аввалро дорост ва бар асоси гузоришҳои мунташиршуда аз сӯйи ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ ба режиме кӯдаккуш маъруф аст. Аммо дар ин миён режимҳои дигаре назири Оли Сауд ҳастанд, ки дар ҷинояту саркӯб алайҳи кӯдакон дасти каме аз режими кӯдаккуши саҳюнистӣ надоранду рутбаҳои баъд аз режими саҳюнистӣ дар саркӯби кӯдаконро ба худ ихтисос додаанд. Ин дар ҳоле аст, ки Бон Ки Мун, дабири кулли қаблии Созмони милали муттаҳид дар иқдоме тааммулбарангез, режими саҳюнистиро, ки омили куштори кӯдакони фаластинӣ, ба вижа дар борикаи Ғазза аст, дар феҳристи ноқизони ҳуқуқи кӯдакон қарор надод.

Дар пайи эъмоли нуфузи Амрико ва саудиҳо, Созмони милал дар замони дабири куллии Бон Ки Мун ( дабири кулли собиқ) ҳатто аз мавзеи қаблии худ, мабнӣ бар гунҷондани номи Арабистон дар феҳристи нақзкунандаи ҳуқуқи кӯдакони Яман низ ақибнишинӣ кард. Дар ин чорчӯб Созмони милал чанде пеш номи Арабистонро дар пайи таҳдидоти режими Оли Сауд, мабнӣ бар қатъи кӯмакҳои худ ба Созмони милал, аз феҳристи нақзкунандагони ҳуқуқи кӯдакон дар Яман ҳазф кард. Ин дар ҳоле буд, ки гузориши ниҳодҳои мухталифи байналмилалии ҳуқуқӣ, аз ҷумла ниҳодҳову ташаккулҳои ҳуқуқии вобаста ба Созмони милал, режими саудиро масъули марги 60 дарсади кӯдакон дар Яман аз соли 2015 медонанд.

Идомаи ҷиноёти режими саҳюнистӣ ва ҳокимони араб, бепарвоии Созмони милал дар баробари ин ҷиноёту иктифо кардани ин созмон ба ироаи омор дар ин замина ва дар ниҳоят ҷилавгирӣ аз интишори он ва ё иктифо кардан ба маҳкумияти лафзии ин ҷиноёт муҷиб шудааст то ҷаҳониён ҳамчунон шоҳиди идомаи фоҷеае бошанд, ки режими саҳюнистӣ ва ҳуккоми араб дар минтақа созмон додаанд.

 

Барчасп