Январ 27, 2017 16:51 Asia/Dushanbe
  • Раъйи додгоҳи арабистонӣ ба зиёни ҳоҷиёни садамадида дар Макка

Додгоҳе дар Арабистон иттиҳомоти афродеро, ки дар парвандаи суқути ҷарсақил (кран) дар Макка дар соли 2015 муттаҳам шуда буданд, лағв кард.

Рӯзномаи “Акоз”-и Арабистон рӯзи панҷшанбе дар пойгоҳи интернетии худ гузориш дод, додгоҳе дар ин кишвар иттиҳомоти 13 муттаҳами парвандаи суқути ҷарсақил дар Маккаро, ки сентябри соли 2015 ба кушта шудани беш аз 100 нафар мунҷар шуд, лағв кардааст.

Додситонии Арабистон билофосила эълом кард, таҷдиди назар дар ин ҳукмро хостор мешавад.

Рӯзномаҳои “Акоз” ва “Саудӣ газета” дар оғози муҳокимаи ин афрод дар моҳи августи соли гузашта гузориш дода буданд, дар байни ин муттаҳамон дастикам як миллиардери арабистонӣ, ду покистонӣ, як флиппинӣ, як канадаӣ ва чанд шаҳрванди кишварҳои арабӣ дида мешаванд.

Ин афрод, ки шумори онон дар ибтидои муҳокима 14 нафар эълом шуд, ба нодида гирифтани дастуруламалҳои эминӣ дар бораи сохтусозҳо ва кӯтоҳӣ дар анҷоми вазифа, ки ба талафоту хисоратҳои моливу ҷонӣ мунҷар шуд, муттаҳам буданд.

Маросими ҳаҷҷи 2015 хунинтарин ҳаҷ дар 25 соли пеш аз он буд, ба тавре, ки дар он сол суқути ҷарсақил (кран) дар Масҷидулҳаром, дар шаҳри Маккаи мукаррама 109 куштаву ҳудуди 400 захмӣ аз байни ҳоҷиён бар ҷой гузошт ва нотавонии давлати саудӣ дар мудирияти ҷамъият дар сарзамини Мино низ ҳазорон ҳоҷиро ба коми марг кашид.

Оли Сауд то кунун бобати ин ҳаводис аз кишварҳои хисоратдида узрхоҳӣ накардааст.

 

Барчасп