Феврал 05, 2017 14:33 Asia/Dushanbe

Бо озодии бахши Ал-Айсар дар шарқи Мусил, парда аз ҷинояти ДИИШ дар мухолифат бо дониш ва огоҳӣ бардошта шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон, террористҳои ДИИШ донишгоҳи 50 солаи Мусилро, ки пас аз Донишгоҳи Бағдод, муътабартарин донишгоҳи Ироқ ба шумор мерафт, вайрон кардаанд.

Бо озодсозии шарқи Мусил, ки донишгоҳи ин шаҳр дар он қарор дорад, донишҷӯёни муслие, ки ду сол аст, ба сабаби ҳуҷуми ДИИШ аз таҳсил маҳрум шудаанд, муқаддамоти бозсозии донишгоҳи худро фароҳам мекунанд.

Барчасп