Манбаи амниятии Ироқ хабар дод: Фирори Абубакри Бағдодӣ аз Мӯсил ва қатъи иртиботи ӯ бо фармондеҳони ДИИШ
(last modified 2017-02-11T12:47:57+00:00 )
Феврал 11, 2017 17:47 Asia/Dushanbe
  • Манбаи амниятии Ироқ хабар дод: Фирори Абубакри Бағдодӣ аз Мӯсил ва қатъи иртиботи ӯ бо фармондеҳони ДИИШ

Манбаи амниятӣ аз фирори Абубакри Бағдодӣ, саркардаи ДИИШ ба марзи Сурия ва қатъи иртиботи вай бо фармондеҳони боқимонда дар Мӯсил хабардод.

Генерал Абдулкарим Халаф, коршиноси умури низомӣ аз фирори Абубакри Бағдодӣ ба ҳамроҳи бархе фармондеҳони аршади ДИИШ аз бахши ғарбии Мӯсил ба самти марзи Сурия хабар дод.

Ба навиштаи пойгоҳи хабарии шабакаи “Скай”-и Ироқ, Бағдодӣ муддате аст, ки аз Мӯсил фирор карда ва ҳеҷ иртиботе низ бо фармондеҳони боқи монда дар Мӯсил надорад ва ҳамчунин аз охирин таҳаввулоти ин шаҳр бехабар аст.

Ба гуфтаи ин коршиноси низомӣ, фармондеҳоне, ки дар бахши ғарбии Мӯсил боқи мондаанд, бетаҷриба ҳастанд ва қудрати идораи ҷангро ба ҳеҷ ваҷҳ надоранд.

Муддате пеш низ ҷамъе аз фармондеҳони ДИИШ дар Мӯсил, эълом карданд, ки қасди шикасти байъати худ бо Бағдодиро доранд, чаро, ки ҳеҷ хабаре аз ӯ нест ва онҳо мутмаин нестанд, ки оё ӯ зинда ё кушта шудааст.

Неруҳои амниятии Ироқ, бо озодсозии шарқи Мӯсил, ки 3/2 ин шаҳрро дар бармегирад, омодаи оғози амалиёти озодсозии бахши ғарбии он ҳастанд.